Ҳисор: Хонаи гадоро обод мекунанд (Видео)

Нашри аҳволи зиндагии Болтақул Абдураҳмонов, сокини деҳаи Хоҷасидиқи ҷамоати Дурбади ноҳияи Ҳисор, ки бо унвони “Шикоят кардему ба ғазаб гирифтор шудем”дар ҳафтаномаҳои “Оила”, “Тоҷикистон” ва сомонаи «tajikistantimes.tj” ба табъ расида буд, вокуниши зиёдро дар ҷомеа ба амал овард.

Бибигул Абдураҳмонова баъди ду рӯзи чопи саргузашташон дар ҳафтаномаи “Оила” ва сомонаи “tajikistantimes.tj” ба мо занг зада, иброз намуд, ки баъди нашри мақола кор ранги дигар гирифта, субҳи рӯзи ҷумъа Раиси дастгоҳ Бобосафар Ҳомидзода , раиси ҷамоат Гадоев Дилшод ва ҳамчунин писарамакашон Нурмаҳмад Абдураҳмонов, ки заминсози ҷамоат шуда кор мекунад, 3 ҳазор дона хишти пухта,  15 –халта симент, дару тиреза, тахтаву гипсакартон ба ин хонадон кӯмак расониданд.

 Вақте мо ба манзили номбурда рафтем, дар ҳақиқат раиси дастгоҳи шаҳри Ҳисор, раиси ҷамоат ва раиси маҳалла онҷо ҳузур доштанд ва камбудиҳои хонаи мӯйсафедро бартараф мекарданд.

Тавре Гулбибӣ Абдураҳмонова гуфт: То ба идораи “Оила” шикоят накардем, коркунони ҷамоат масъулият ҳис накарда буданд ва ҳамин, ки видеои арзу доди мо дар сомона нашр гашт, зуд аз пайи таъмири хона шуда,  устоҳои зиёд оварда, хонаро таъмир карда истодаанд.

Дар поёни сӯҳбат Гулбибӣ қайд намуд, ки масъулин  устои барқро низ ба хона оварда, хонаи мӯйсафедро бо печка таъмин намуда, хати барқ гузарониданд.

 Болтақул Абдураҳмонов ва духтараш Бибигул Абдураҳмонова аз кормандони газетаи “Оила” , “Тоҷикистон” ва сомонаи «tajikistantimes.tj» изҳори миннатдорӣ баён намуда, шоданд, ки мушкили чандсолаашон дар як рӯз бартараф мегардад.

Ногуфта намонад, ки сарнавишти ин оила аксарияти истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ ва хонандагони газетаро бетараф нагузошт. Созмони “Фонд таджика”-и Русия ба ин оилаи камбизоати тоҷик 4- халта орд, 10 литр равған, як- халта картошка, як-халта сабзӣ, як- халта пиёз, печкаи зимистона, гӯшт 5 кг, биринҷ, 5 кг шакар, ду- халта биринҷи (лазер), макарон 5 -халта ва 300 сомонӣ пули нақд кӯмак карданд.

Мо аминем, ки бо мадади ҳамагон мушкили ин хонавода ҳалли худро ёфта, бобои Болтақул тирамоҳу зимистонро дар хонаи гарму нарми бароҳат пушти сар хоҳад кард.

 Шарҳи бештари ин мавзуъро дар шумораи навбатии “Оила” пешкашатон месозем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *