Гулдона Алиёрзода:Тавба кардам, ки дигар шавҳар намекунам!

Гулдона Алиёрзода сарояндаи умедбахши саҳнаи тоҷик, ки дар кишвари мо алакай ҳаводорони зиёд дорад, ҳафтаи ҷорӣ бо як таронаи ҷадиди хеш , ки «Папито» ном дорад ҳамаро ба ҳайрат гузошт.

Аммо «Папито» ба Гулдона  илова бар шӯҳрат дарди сар низ овардааст.

Тавре, ки Гулдона Алиёрзода ба мо иброз дошт пас аз пахши суруди «Папито» сарватманди воломақоми булҳавасе шефтаи зевоиву ҷавонии ин моҳпайкар гашта, ба ӯ пешниҳоди издивоҷ кард. Лекин , мутаасифона хушии ҳунарманд аз ин пешниҳод дер напоид, зеро ин «тағаи пулдор» мехост танҳо 10-моҳ аз шаҳди лабону таровати пайкари ҷавону ҷаззоби Гулдона истифода барад. Дар ивазаш ба Гулдона ваъдаи дар ин даҳ моҳ маблағгузори кардани ҳунараш ва таблиғу ташвиқи ӯро дар тамоми ҷумҳурӣ кардааст.

Албатта, Гулдона, ки духтари поку дурандеш аст, наметавонист бар ивази пулу шӯҳрат иффату обрӯяшро паст занад ва ба ин домоди пулдор ҷавоби рад дод.

Ин ҳунарманди баномус ба зан будани худ нигоҳ накарда, бо меҳнати ҳалол ризқи худу фарзанди ягонаашро пайдо мекунад.

Гулдона мегӯяд: «Моргазида аз банди алло метарсад, чунки ман низ як маротиба аз бахт шикаст дидааму дигар ба лофи муҳаббати ягон марде этимод надорам.»

Ҳарчанд сари ҳар қадам ба ман як марде изҳори муҳаббат мекунад, ман ҷавоби рад медиҳам,чунки ба самимияти ишқи мардони имрӯза дигар бовар надорам.

Шикасти бахти аввал бовари ба мардҳоро дар дили ман кушт, аз ҳамин сабаб тавба кардам, ки дигар ба шавҳар намебароям.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *