Мушкилоте, ки ҷаҳонро ба ташвиш овард
Ташаббуси Тоҷикистон
Мушкилоте, ки ҷаҳонро ба ташвиш овард
Истеъмоли оби ифлос сарчашмаи бемориҳои сирояткунанда ва ҳодисаҳои фавти одамон дар саросари ҷаҳон гардидааст. Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии олам ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ин вазъият қариб тамоми дунёро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои асосии имрӯзаи ҷаҳон аст.
Об ҳаст – ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки ҳама мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумӯъ ва пояндагӣ қарор дорад. Об аст, ки инсон дар дами марг қатрае аз он ошомида, нафас рост мекунад. Зиндагӣ ва ҳастии инсон ва ҳама ҷонзоди олам аз об аст.
Инсон бе хӯрок то 40 рӯз, вале бе об то 3 рӯз зиста метавонад. Норасоии оби тоза дар бадан сабаби баъзе аз бемориҳо мешавад, ба монанди дарди сар, номунтазамии фишори хун, ҳазмкунӣ, дарди гурда, рехтани мӯи сар ва ғайра. Инсон дар як рӯз 2-2,5 литр об бояд нӯшад, ки чунин одат бадан ва зеҳнро зинда нигоҳ медорад.
Беш аз 70%-и бадани одам ва қисми зиёди таркиби рустанӣ ва меваю сабзавот низ аз об иборат аст. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Азбаски 90%-и мағзи сари инсон аз об иборат аст, натиҷаи манфии ташнагӣ аввал дар функсияи майна рух медиҳад. Аз ин рӯ, яке аз сабабҳои дарди сари бардавом норасоии об дар бадан буда метавонад. Ҳамчунин, нӯшидани оби тоза боиси тару тоза нигоҳ доштани пӯсти одам мегардад. Ҳар чӣ қадар мо обро зиёд истеъмол кунем (албатта, дар доираи меъёр, яъне вобаста ба вазни одам –аз 1 то 3 литр дар як шабонарӯз), аломатҳои пиршавӣ ҳамон қадар дер рух медиҳанд.
Тоҷикистон аз захираи зиёди об бархӯрдор аст. Он қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои фаровон дорад. Барои мардуми кишвари мо, хушбахтона, табиат обро арзонӣ дошта бошад ҳам, аммо барои баъзе аз давлатҳои дунё ин манбаи ҳаёт камёфту нодир аст. Ҳаҷми муҳити гидросфера дар сайёраи мо хеле бузург аст, вале 96 дарсади онро оби шӯри баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳад. Ба ҳиссаи оби нӯшокӣ ҳамагӣ 2,5 дарсади ҳаҷми умумии гидросфера рост меояд. Талабот ба оби нӯшокӣ дар ҳама соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи инсон дар ҳоли афзоиш аст. Бисёр давлатҳои ҷаҳон солҳост, ки ба харидуфурӯши оби нӯшокӣ сарукор доранд. Масалан, ИМА аз Канада, Олмон аз Шветсия, Норвегия, Нидерландия ва Арабистони Саудӣ аз Малайзия оби нӯшокӣ мехаранд. Мушкилоти оби нӯшокӣ дар ҷаҳон яке аз мушкилоти муҳим дониста шудааст. Нобаробарии ҷойгиршавии захираҳои об, пеш аз ҳама, ба сатҳи релеф ва омилҳои иқлимӣ сахт вобаста аст. Тоҷикистон ва Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорон дар бобати ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он борҳо маърӯзаю пешниҳодҳо карданд. Масалан, соли 2003-ро ҳамчун соли “Оби тоза”, солҳои 2005- 2015-ро “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018-2028-ро даҳсолаи амал “Об — барои рушди устувор” эълон карданд, ки инро Созмони Милали Муттаҳид хуб пазируфт. Бавижа, пазируфта шудани пешниҳоди Президенти ҷумҳуриамон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (2018 — 2028)», ки дар роҳи таҳкиму мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд гузошта, бобати ҳалли мушкилоти имрӯз ва оянда нақши назаррасе рӯи кор хоҳад овард, аз тарафи Ассамблеяи генералии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва дар ин хусус қатънома қабул кардани он арзандаи тафохури мо, тоҷикистониён, аст. Он обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар гардонид. Иқдоми Тоҷикистон баҳри ҳалли проблемаи мубрами ҷаҳониён, хусусан кӯдакон, аҳамияти басо зиёд дорад, зеро аз беобӣ кӯдакон зиёдтар азоб мекашанд. Кӯдакони баъзе минтақаҳои қораи Африқо аз сабаби набудани оби тозаи ошомиданӣ оби лойолуду ифлос менӯшанд, ки ин вазъ хеле ҳузновар аст.
Ин барномаи байналмилалӣ баҳри ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, рушди устувори он, аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини саломатии инсон комилан заруранд. Ҳамчунин, барнома бо нигаронии амиқи он, ки шаҳришавӣ ва афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба норасоии оби нӯшокии тоза ва тақсимоти нобаробари об дар ҷаҳон, офатҳои гидрологӣ, хоҷагидории бесамар, афзоиши хатарҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо оварда мерасонад, аз тамоми давлатҳои олам даъват ба амал меорад, ки дар ҳамаи сатҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои Барномаи «Об — барои рушди устувор» ҳамкорӣ намоянд.
Ҳамаи ин иқдому ибтикороти фахрбарангези Пешвои миллатамон дар ҷомеаи заҳматкаши кишвар рӯҳбаландии афзунро ба миён оварда, ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандонро водор месозад, ки таҳти таассуроти гуворои он истифодаи оқилонаи об, тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо ва ҳифзи манбаъҳои обро аз вазифаҳои муҳими хеш донанд.
Зиёд будани дарёҳо, кӯлҳо ва чашмасорони софу зулоли ошомиданӣ дар кишвари мо чунин маъно надорад, ки нисбат ба ин неъмати бебаҳо беэътиборӣ зоҳир намоем. Таассуфовар аст, ки чунин ҳолатҳоро дар рафтори сокинони кишвар баъзан мушоҳида мекунем. Бошандагони шаҳру шаҳракҳо ва деҳот партовҳоро ба заҳбуру ҷӯйборҳо мерезанд, ба оби дарёву каналҳо хасрӯба ва бутилҳои этиленӣ мепартоянд, дидаю дониста, обҳоро ифлос мегардонанд, дар он партовҳо мепартоянд, ки ҳамаи ин бар зарари худи инсон аст, боиси афзоиши ҳар гуна бемориҳо мегардад. Чунин беэҳтиромӣ нисбат ба об, истифодаи исрофкоронаи он ба фарҳангу ахлоқ ва урфу одати мо, мардуми куҳантамаддун, ҳеҷ рост намеояд. Сарфакорона истифода кардани об, тозаю озода нигоҳ доштани он, макрӯҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.
Сарвари мамлакат худ фармудаанд: «Бо дарназардошти мушкилоти об, ки имрӯз башарият ба он рӯ ба рӯ омадааст, аҳли зиёи кишвар бояд дар тарғиби аҳамияти пешниҳоди мазкур пешсафу фаъол бошанд ва дар самти амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ҳарчи бештар ҷидду ҷаҳд намоянд».
Моро зарур аст, ки фарзандони хешро низ аз айёми тифлӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба об ва ҳама неъматҳои табиӣ, ки сарвати миллии мо ҳисоб мешаванд, тарбия намоем. Ин корро дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус аз кӯдакистонҳо, бояд оғоз кард ва то чӣ андоза дар ҳаёти инсон муҳим будани обро ба кӯдакон тарғибу ташвиқ намуд. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноист.
Наргис Шарифова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ