Толеъномаи 04 апрел 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Аввали рӯз бемулоҳиза амал намуда, ҳам ба худу ҳам ба нафарони азизтаринатон зарар мерасонед. Эҳтимол бо дӯстдоштаатон низ муноқиша кунед. Нисбати фарзандон аз ҳад зиёд сахтгир набошед. Ба харҷи барзиёд маҷбӯр шуда бе пул мемонед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ҳаммаи корҳои муҳиматонро ба нимаи дувуми рӯз гузоред, нохушиҳо эмин бошед. Рӯз барои ба анҷом расонидани корҳои хона хуб аст. Нисбати атрофиён дағалӣ накунед, зеро имкони муноқишаву нофаҳмӣ бо нафарони соҳибвазифа вуҷуд дорад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз мушкилоти зиёд қувваи кориятон кам мегардад. Аз ин лиҳоз, кору бори худро як тараф гузошта,  фикри саломатиатонро кунед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоед. Шӯру мағал ба вазъи саломатии шумо таъсири бад мерасонад. Даромади хурди пулӣ дар назар аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз бо дӯстдоштаатон ба ягон ҷашну маърака наравед. Ба коратон бештар диққат диҳед то аз нақшаи корӣ ақиб намонед. Нимаи дуюми рӯз барои муошират бо аҳли оила мусоид аст, аз моҷаро дурӣ ҷуста боиси аз ҳам ранҷидани дигарон нагардед. Аз машрубот низ имрӯз дур бошед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ҳалли масъалаҳои муҳим саросема нашаведу ҳар қадаматонро дониста гузоред. Худпарастиву якравиатон бар зарари коратон хоҳад буд. Дар коргоҳ ба шумо тӯҳмат заданашон мумкин. Аз муноқиша худдорӣ намоед ва бегуноҳиатонро бо фактҳо исбот намоед.  Охири рӯз бо вохӯрии ошиқонаву романтикӣ ба анҷом мерасад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Аз саросемагӣ ва беэҳтиётӣ афтиданатон имкон дорад. Бисёр дар мавриди гузашта наандешед имрӯз хуш зиндаги кунед. Нимаи дуюми рӯз барои рафъи мушкилоти пулӣ мусоид меояд. Дар ин рӯз даромади пулиятон зиёд гардида, чизҳои табъи дилатонро харидорӣ мекунед. Эҳтимоли вохӯрдани ишқи зиндагиатон низ зиёд аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аз оғози кори якҷоя  бо шарики корӣ ё ҳамсафари ҳаётиатон худдорӣ намоед, зеро кор бобарор намешавад. Вазъи молиявиатон бад гардида, аз норасоии маблағ азоб мекашед. Аз рӯҳафтодагӣ ба пурхӯри майл пайдо мекунед. Дар тарбияи кӯдакон аз панду насиҳат кор баред на зуриву дағалӣ.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Муноқишаҳои оилавиатон дар ҳолате ҳал мегардад, ки аз худ гузар намоед, ба ақидаи ҳамсаратон гӯш кунед. Барои дер мони ба кор аз роҳбар гап мешунавед. Барои нохушии табъатон  ба вазъи саломатиятон таъсири бад нарасонаду фишоратон баланд нашавад бештар дар ҳаои тоза сайру гашт намоед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Имрӯз ба ончизе, ки истеъмол менамоед бештар аҳамият диҳед. Таом ва нӯшокиҳое, ки барангезандаи бемориҳои ирси гашта метавонанд истеъмол макунед. Бештар меваву сабзавот истеъмол кунед. Барои харидкардан низ рӯзи мувофиқ нест.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Имрӯз ба мулоқоти ошиқона наравед, зеро бо муноқиша меанҷомад. Умуман аз дилхушӣ ва маъракаҳо дур бошед. Фикру зикр ва вақтатонро ба кор равона кунед. Меҳнати шумо аз тарафи роҳбар қадр карда мешавад. Эҳтимол маошатон низ зиёд карда шавад. Барои соҳибкорон рӯзи  муваффақ аст.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аввали рӯз бо дахолат ва машварати шумо муноқишае ҳал мегардад. Дар ҷойи кор ягон навгоние дар назар нест. Мушкилоти молиявӣ боиси моҷарои байни шумо ва ҳамсаратон мегардад.  Нимаи дувуми рӯз барои саёҳат, меҳмонӣ ва фароғат мувофиқ аст. Саломатиатон шуморо ташвиш намедиҳад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Агар мошин меронда бошед, аз сафарҳои дарозмуддат худдорӣ намоед, зеро хатари вайрон шудани мошин зиёд аст. Нимаи дуюми рӯз бароятон  шодиву нишот меорад. Барои пешбурди муносибатҳои ошиқона айёми хубест. Қабл аз анҷоми коре аз шахсони кордону дилпур маслиҳат  гиред. Бо нафаре ошноӣ пайдо мекунед, ки ба шумо кумак мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *