Диққат! ВКД волидайни ин кӯдакро меҷӯяд

Бино ба маълумоти ВКД, рӯзи 27-уми марти соли 2018, кормандони милитсия писарбачаи 4-5-соларо дарёфт кардаанд, ки номашро Кароматулло номида, дар куҷо будани хонаашонро намедонад. Писарбача номи падарашро Қурбон ва модарашро Зебо мегӯяд.
Писарбача айни замон дар Қабулгоҳ-тавҳилгоҳи ХПҲНҶ ВКД нигаҳдорӣ карда мешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар муайян намудани шахсияти писарбача ва ба волидонаш расонидани ӯ ҳамкорӣ намоянд.

Нафароне, ки ӯро мешиносанд, метавонанд ба рақами телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ221-21-21 ва ё 93 922 84 -74занг зананд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *