Мушкилоти нави соҳибони корти бонкӣ
Сокинони шаҳри Туркманободи Туркманистон ҳангоми нақдина гирифтан аз банкоматҳо бо мушкили навбатӣ рӯбарӯ шуданд. Ба иттилои хабарнигори мо, 12 декабр дар назди банкоматҳои шаҳр навбатпоиҳои тӯлонии сокинон мушоҳида шудааст.
Хабарнигор мегӯяд, туркманободиҳое, ки мехоҳанд, пули худро нақдина кунанд, маҷбуранд, чандин банкоматро хабар бигиранд. «Дар Туркманобод танҳо банкоматҳои Халқбонк пул доранд ва он ҳам хеле кам. Аз ин банкоматҳо танҳо то 200 манат гирифта мешавад», — афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар назди банкоматҳое, ки пул доранд, сокинони зиёде ҷамъ шуда, соатҳо навбат мепоянд.
Расонаи «Алитернативние новости Туркменистана» 11 декабр хабар дод, ки дар назди банкоматҳои бештари навоҳии Туркманистон навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида мешавад.
Дар Туркманистон тайи 5 соли ахир дар низоми пардохти маоши кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва пули нафақа як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, пардохти пули нафақа ва кумакпулӣ низ аз 1 январи соли 2017 ба воситаи кортҳои бонкӣ роҳандозӣ шуд.
Ба иттилои Бонки марказии Туркманистон, шумори шаҳрвандони ин кишвар, ки корти бонкӣ доранд, то 1 январи соли 2017 ба 1 миллиону 709 ҳазору 603 нафар расиданд. Дар ҳудуди Туркманистон 14858 банкомат фаъолият мекунад. Маълумоти нав дар ин бора дастрас нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ