Комроншоҳ дар мусобиқаи устодони ҷудо

Тавре аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд,ки паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо «Guangzou Judo Masters 2018», ки 15-16 декабр дар шаҳри Гуанжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгарест, ки дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо иштироки 234 нафар гӯштингир (119 мард ва 115 зан) аз 53 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.
Мардон дар 7 вазн (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва занон дар 7 вазн (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) қувва меозмоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *