Мушкилоти «Талко» бо вазорати молия

Ширкати алюминиюми «ТАЛКО»-и Тоҷикистон изҳороти вазорати молияи кишварро дар хусуси фаъолияташ расман рад кард.

Вазорати молияи Тоҷикистон чанд рӯз қабл бо нашри як гузориш гуфт, ки гузаштан ба системаи толлингӣ ба зарари ширкати алюминиюми тоҷик — «ТАЛКО» аст ва ин ширкат ҳоло «бо зиён фаъолият дорад». Ширкати истеҳсоли алюминиюмb «ТАЛКО» дар вокуниш ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон онро дар «бархӯрди ғайрикасбӣ» ба масъалаи марбут ба самаранокии фаъолияти ин корхона айбдор кард. Дар посухи расмии «ТАЛКО» ба вазорати молия гуфта шудааст, ки хулосаҳои ин сохтор нисбати ширкат «воқеияти ҳолро дар шароити бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ баён намекунад».

Игор Сатторов, раҳбари департаменти иттилоот ва таҳлили «ТАЛКО» мегӯяд, Вазорати молия дар гузоришаш ширкати «ТАЛКО»-ро ба он муттаҳам сохтааст, ки гӯё 1,1 миллиард долларро аз давлат пинҳон кардааст. Вай гуфт, ки ин иддао комилан асос надорад. «ТАЛКО» мегӯяд, вазорати молия бори дувум аст, ки бо пахши иттилои носаҳеҳ ба обрӯи ин ширкат латма ворид мекунад. Дар изҳороти «ТАЛКО» гуфта мешавад, ки соли 2014 вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки ширкат дар вартаи муфлисшавӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *