«Мусобиқа»-и патентхарӣ, тоҷикон дар ҷойи дуюм
Бино ба омори расмии Русия, соли гузашта дар ин кишвар ба якуним миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои пасошӯравӣ патент фурӯхтаанд. 925 ҳазор патент ба шаҳрвандони Узбекистон ва 433 ҳазор патент ба шаҳрвандони Тоҷикистон фурӯхта шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри омори расмӣ хабар дод, ки дар соли 2016 назар ба як соли қабл ба муҳоҷирон аз кишварҳои Шӯравии собиқ қариб 280 ҳазор ё 16 дарсад патенти камтар фурӯхтаанд. Соли гузашта мақомоти Русия ба муҳоҷирон 1 миллиону 510 ҳазору 378 патент додаанд. Дар соли 2015 ин рақам 1 миллиону 788 ҳазору 201 патентро ташкил медод.
Тавре аз омори вазорати корҳои дохилаи Русия бармеояд, фурӯши патент ба муҳоҷирон аз ҳамаи кишварҳои манбаи асосии муҳоҷирати корӣ ба Русия коҳиш ёфтааст.
Дар ин ба ном «чемпионат”-и патентфурӯшӣ дар ҷои аввал муҳоҷирон аз Узбекистон ҷой гирифтаанд. Соли гузашта дар Русия ба муҳоҷирони узбек 925 ҳазору 948 патент фурӯхтаанд, ки ин назар ба 930 100 патенти ба намояндагони Узбекистон фурӯхташуда тақрибан 4200 адад камтар аст.
Дар ҷои дуюм дар ин «чемпионат” муҳоҷирони тоҷик истодаанд. Муҳоҷирони тоҷик дар соли 2016 дар Русия 433 ҳазору 137 патент барои кор гирифтаанд, ки ин назар ба 461 ҳазору 291 патенти дар соли 2015 гирифтани онҳо 28 ҳазор камтар аст.
Ҷои сеюмро бо 171 ҳазору 237 патент ( 42 ҳазор патент камтар аз 213 ҳазору 662 патенти соли 2015) муҳоҷирони украинӣ гирифтаанд.
Фурӯши патент ба муҳоҷирон аз кишварҳои пасошӯравие, ки узви ЕвразЭС – Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, як созмони минтақавии зери нуфузи Маскав, нестанд, дар солҳои охир ба як манбаи муҳими даромади буҷаи Русия табдил ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ