Исфара: Саррофро лату кӯб намуда 70 ҳазор долларашро ба яғмо бурданд

Як гурӯҳи мусаллаҳ шаби 8 ба 9 апрел ба манзили Нурулло Музаффаров, сокини ҷамоати Навгилеми Исфара даромада, соҳибони хонаро латукӯб ва қариб 70 ҳазор доллар пули онҳоро ғорат кардаанд.

Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд хабар дод, ки барои таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи ғоратгарона ба манзили сокини 45-солаи ҷамоати Навгилеми Исфара Нурулло Музаффаров гурӯҳи вижа таъсис ёфтааст, вале то ҳанӯз касе дар робита ба ин ҳамла дастгир нашудааст.

Ғоратгарон шаби 8 ба 9 апрел вориди манзили Музаффаров шуда, ӯву ҳамсарашро шадидан латукӯб кардаанд ва бо истифода аз зӯр аз ин манзил 150 ҳазор сомонӣ, 10 500 доллар ва 2 миллион рубли русиро ба яғмо бурдаанд.

Нурулло Музаффаров ва ҳамсараш Мухбира Музаффарова баъди ин ҳамла барои табобат бемористони шаҳри Исфара интиқол дода шудаанд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Нурулло Музаффаров дар гузашта дар бозори марказии шаҳри Исфара ба саррофӣ машғул буд ва баъди манъи фаъолияти саррофони хусусӣ дар моҳи декабри соли 2015 худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном карда буд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми ҳамлаи ғоратгарона парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, вале то кунун касе дастгир нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *