Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқолияти давлатӣ ҷаъмбаст гашт

Марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ аз тарафи комиссияи вилоятии Хатлон ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон  хабар доданд, марҳилаи сеюми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид ва маросими мукофотсупорӣ дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад. Дар марҳилаи сеюм инҳо ғолиб дониста шуданд:
Оилаи намунавӣ-оилаи Сафаралӣ Ҳалимов, сокини кӯчаи Б. Иброҳимов аз ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар;  оилаи Гулмаҳмад Сангов, сокини деҳаи Балҷувон, ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон ҷои якум; оилаи Маҳмадшариф Шарипов, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҷои дуюм; оилаи Муҳриддин Мирзоев, сокини ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ ҷои сеюм.
Хонаи  намунавӣ- хонаи Исмоил Рустамов воқеъ дар кӯчаи Известия, минтақаи манзилии №3-и шаҳри Норак; хонаи Абдураҳим Тоиров воқеъ дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ҷои якум; хонаи Абдулмуъмин Ятимов  воқеъ дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор ҷои дуюм; хонаи Қурбон Латипов воқеъ дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷои сеюм.
Маҳаллаи беҳтарин-маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб; маҳаллаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Мӯъминободи ноҳияи Мӯъминобод ҷои якум; маҳаллаи Пашори ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ ҷои дуюм; маҳаллаи Синои ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷои сеюм.
Деҳаи беҳтарин-деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон; деҳаи Кангурти ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷои якум; деҳаи Қубодиёни ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён ҷои дуюм; деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав ҷои сеюм.
Беҳтарин ҷамоатҳои деҳот-ҷамоати деҳоти Ховалинги ноҳияи Ховалин; ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ҷои якум; ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷои дуюм;  ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ҷои сеюм.
Беҳтарин ҷамоати шаҳрак- ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара;
Беҳтарин ноҳия-ноҳияи Ёвон.
Беҳтарин шаҳр-шаҳри Қӯрғонтеппа ва раёсати минтақавии гумруки вилояти Хатлон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *