Намоиши масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ дар Кохи Борбад

Имрӯз, 12 август дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иди касбии сохтмончиён намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ ва дастовардҳои соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ баргузор гардид.

Дар расми кушодашавии намоишгоҳ Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафи гузаронидани ин намоишгоҳро  рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар арзёбӣ кард. «Ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда ҳадафҳои дигари намоишгоҳ аст» -иброз дошт номбурда.

Дар ин намоишгоҳ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид ва дигар шахсони расмӣ иштирок карда, аз нақшаи генаралии чанде аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохтмони биноҳои Академияи ВКД дар шаҳри Душанбе, консепсияи гипермаркети «Шарқия» дар кӯчаи Дӯстии халқҳо,воқеъ дар шаҳри Душанбе, биноҳои истиқоматии баландошёна бо ҷойгир намудани марказҳои савдо ва хизматрасониҳои гуногун дидан карданд.

 Намоиши лоиҳаҳо ва масолеҳи сохтмони ватанӣ дар «Кохи Борбад» то 13 августи соли 2016 аз  соатҳои 9-00 то 17-00 идома меёбад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *