Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-до ГОДЗЮ-РЮ
Санаҳои 19-20-уми августи соли равон дар варзишгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон тибки нақша-чорабинии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-до годзю-рю баргузор гардид, ки дар он беш аз 820 нафар варзишгарони ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ШНТМ иштирок варзиданд.
«Мақсад аз гузаронидани ин мусобиқа аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб намудани беҳтарин каратэчиён барои дастаи яккачини Тоҷикистон мебошад. Дар ин мусобиқа намудҳои маъмулии каратэро истифода бурдем ва хурсандиовар он аст, ки теъдоди алоқамандони ин намуди варзиш ҳар сол меафзояд, — гуфт раиси Федаратсияи миллии каратэ-до годзю-рюи ҶТ Темурхон Қаюмов.
Мусобиқаи мазкур бо ду самт — ката ва кумитэ ҷараён гирифт. Варзишгароне, ки дар ин мусобиқа иштирок доштанд, аз худ маҳорати баланд намоиш доданд ва ин чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ каратэчиёни суғдӣ ҷои аввалро гирифтанд. Ҷои дуввум насиби каратэчиёни вилояти Хатлон насиб шуд ва ҷои сеюмро варзишгарони ШНТМ ноил гардиданд.
Варзишгари вилояти Суғд Сарвиноз Саидова гуфт, — ман хеле хурсандам, ки дар ин мусобиқа ҷои аввалро гирифтам. Мехоҳам, ки чунин мусобиқаҳо зуд-зуд доир шаванд ва хуб мебуд, ки дар онҳо занҳо бештар иштирок дошта бошанд. Зеро варзиш ин гарави саломатӣ аст. Мехоҳам, ки ҳунари худро бештар сайқал диҳам ва дар ояндаҳо ба муносибати ғалабаҳои ман дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ суруди миллии Тоҷикистон садо диҳад ва парчами кишвари азизам парафшон бошад.
Ғолибони мусобиқа ба гирифтан ифтихорномаю медалҳо мушарраф гаштанд.
Ҳалимҷон ҲОМИДОВ,
Раиси кумитаи волидайни
Федератсияи каратэ-до Ҷундокани Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ