Мусодираи 10 кг афюн аз халтаҳои семент

Дар ҷараёни як чорабинии оперативӣ, ки кормандони Раёсати амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Хоразм дар ҳамкорӣ бо кормандони гумруки ин кишвар гузаронидаанд, 10 кило афюн мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, як мошини боркаш, ки аз Самарқанд ба шаҳри Урганч халтаҳои семент интиқол медод, боздошт ва мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Дар натиҷаи тафтиши мошин 9 килою 754 грамм афюн кашф гардидааст, ки онро дар дохили 10 халта семент печонидаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дақиқ гардидааст, ин мавод ба як сокини 53-солаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд тааллуқ дорад, ки қаблан барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир се маротиба ба додгоҳ кашида шудааст. Вай пеш аз он ки халтаҳои сементро ба мошини боркаш бор кунад, қаблан халтаҳои афюнро дар дохили он пинҳон кардааст. Ин марди нашъафурӯш мехостааст афюнро дар вилояти Хоразм ба фурӯш расонад.

Хадамоти амнияти давлатӣ муайян кардааст, ки маводи мухаддири ошкоршуда аз Тоҷикистон бо роҳи қочоқ вориди ин кишвар шудааст.

Гуфта мешавад, феълан алайҳи боздоштшуда бар асоси қисми 2 моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Қочоқ) ва қисми 5 моддаи 273 (Ғайриқонунӣ тайёр кардан, ба даст овардан, нигоҳ доштан ва дигар амалҳои марбут бо гардиши воситаҳои нашъаовар ё моддаҳои психотропӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Шахси гумонбар ҳоло дар боздошт мавриди пурсуҷӯй қарор гирифтааст.

Мирасрор Аҳроров,
шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *