Аз афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷ то дастури Президент ба ниҳодҳои дахлдор

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 беш аз 90 миллиард сомониро ташкил додааст.

Ин рақам дар суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар садо  дод.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулот 25 миллиард сомониро ташкил дод. Нисбат ба соли 2022 14,3 фоиз зиёд мебошад. Соли 2023 истеҳсол ва содироти маҳсулоти нимтайёр афзоиш ёфтааст.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 47 фоизи нишондиҳандаи содироти молҳо аз ҳисоби металлҳои қиматбаҳо ва 15,5 фоиз аз ҳисоби маъдану консентратҳо ташаккул ёфтааст», — тазаккур дода шуд дар ҷаласаи Ҳукумат.

 Ба таъкиди Сарвари давлат, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 286 ҳазор тоннаро ташкил додааст, аммо бо назардошти имконияти мавҷуда ин ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 содироти сабзавот ва полезиҳо нисбат ба соли 2022  15,5 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 7 ҳазор, сабзӣ 5,6 ҳазор ва карам 2,6 ҳазор тонна кам гардидааст.

Содироти ин намуди маҳсулот аз вилояти Суғд 9,2 ҳазор тонна, вилояти Хатлон 3,6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,7 ҳазор тонна кам шудааст.

Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии содирот ва вазорату идораҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф намуд, ки ҷиҳати таъмин намудани рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *