Мустафо гум шудааст
Ҳар сол дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла дар Федератсияи Русия зиёда аз 5000 нафар муҳоҷирони кории давлатҳои Осиёи Миёна якбора бе ному нишон гум мешаванд. Барои падар, модар, бародар ва хоҳар беному нишон гум шудани фарзанд хеле мушкил мушкил асту бадтарин фоҷеа ин на зиндаву на мурда будани онҳост.
Солеҳов Мустафо Гулмуродович, соли таваллудаш 07.07.1989 , сокини шаҳри Душанбе чанд сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия ва берун аз он барои тиҷорати мошин сафар мекард. Охирон маротиба дар таърихи 30.04.2017 аз шаҳри Маскав ба падару модараш занг зада ҳолу аҳвол мепурсаду халос ва то имрӯз дигар бо волидони пиронсолаш дар тамос нашудааст.
Бино ба маълумотҳои муҳоҷирони ҳамроҳаш Мустафо аз 2 – юми майи соли 2017 инҷониб гум шуда то имрӯз касе ӯро надидааст. маълумотхои мухочирони хамрохонаш Мустафо аз 2-юми майи соли 2017 инчониб гум шуда то имруз касе уро дигар надидааст. Бо муроҷиати пайвандонаш ба мақомоти дахлдор то замохабар нест.
Мустафо Солеҳов оиладор буда, ду фарзанди хурдсол дорад.
Аз номи аҳли хонаводаи Солеҳов Мустафо Гулмуродович аз ҳамаи шумо азизон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки агар дар бораи ин ҷавон маълумоте доред ба мо хабар диҳед.
Телефон барои тамос:
+992 90 420 0330
+992 90 000 66209
Падару модари чашминтизор ҳар лаҳза ба акси писари гумшудаашон нигариста зор зор мегирянд. Умед аз Худованд доранд, ки ӯ зинда аст.
Илтимос агар касе ба акс нигариста ин ҷавонмардро шиносад, ҳатман хабар дихад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ