Мустанади “Тоҷикфилм” дар бораи қурбониёни марз
Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дар бораи қурбониёни низоъҳои марзӣ филми мустанад ба навор гирифтааст. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён хабар дод.
Ӯ гуфт, филми мустанад дар бораи 17 нафар сарбозону афсароне, ки ҳангоми ҳифзи марзу буми Ватан ҷон додаанд, аллакай омода шудааст ва рӯзҳои наздик тариқи телевизион пахш мешавад. Муаллифи филм Шаҳбози Аброр — коргардони ҷавон будааст.
Таҳияи филм дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон чандин маҳалу мактабҳоро ба номи сарбозони ҷонбохта гузошта буданд.
Парлумони кишвар ҳам соли гузашта Қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро қабул кард, ки ҳадафи он гиромидошти хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда мебошад.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар муноқишаи марзии ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 17-18-уми сентябри соли 2022 рух дод, даҳҳо нафар сарбозону афсарон ва сокинони алоҳида ҷон бохтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ