Мутахассисон гармии ҳаворо дар Тоҷикистон пешгӯӣ карданд

Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки то охири ҳафта дар водиҳои кишвар то 40 дараҷа гарм шудани обуҳаво дар назар аст.

Дар  ин рӯзҳо аз ҳама бештар ҳарорат дар вилояти Хатлон гарм мешавад.

Дар ин минтақа ҳарорат дар водиҳо то 40 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона 37-40 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорат дар водиҳо шабона 17-22, рӯзона — то 38 дараҷа гармӣ расида, дар кӯҳҳо шабона — 10 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои тағйирёбандаи камабр, дар водиҳо бидуни боришот ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.Дар Душанбе ҳарорат шабона 18 дараҷа гарм шуда, рӯзона  гармӣ то ба 37 дараҷа мерасад.

Дар водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бидуни боришот ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 13-18, рӯзона — 33-38, дар кӯҳҳо шабона — 7-12 ва рӯзона — 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар ғарби ВМКБ ҳарорат шабона 9-14 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм шуда, дар шарқи ин минтақа шабона 0-5 ва рӯзона — 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *