Латукӯбгарони ронандаи «такси» боздошт шуданд (аудио)

Санаи 6-уми июни соли ҷорӣ дар як қатор шабака ва сомонаҳои интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва зери латукӯб қарор гирифтани як нафар ронандаи автомашинаи мусофирбар аз ҷониби гуруҳи ашхос инъикос ёфтааст.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, корбарони интернет дархост намудаанд, ки нисбати ҷавонони вайронкунандаи тартибот чораҳои таъсирасони қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафарони қонуншикан муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас гардидаанд. Инҳо шаҳрвандон Қаландаров Суҳроб Маҳмудович, соли таваллудаш 18.05.1995, сокини шаҳри Душанбе ноҳияи И. Сомонӣ, деҳаи Деҳнаваки Боло, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», рақами қайди давлатиаш 6767ХН01, Қаландаров Ҷаҳонгир Сафарович, соли таваллудаш 08.08.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳнаваки Боло, Убайдуллоев Некрӯз Зайниддинович, соли таваллудаш 08.02.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, деҳаи Чағатай мебошанд.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурдагон санаи 6-уми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 19:40 дақиқа ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷ. Расулов ба самти кӯчаи Б. Ғафуров аз сабаби монеагӣ эҷод намудан ба ҳаракати онҳо, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Салярис», рақамҳои қайди давлатиаш 9132ТТ05, Насриддинов Саъдӣ Киромиддинович, соли таваллудаш 26.11.1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳи Болоро мавриди латукӯб қарор додаанд, ки номбурда бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *