Муйсафед ҳомиладор карду гурехт

Вақте шавҳарам аз олам гузашт, бо ду фарзанд дар миёни чорсӯи зиндагӣ танҳо монда, ончунон пару болам шикаста, дунё дар назарам якбора тираю тор гашт. Ягона чизе, ки маро ба зистан водор менамуд, ду кӯдаки хурдсолам буданд, дигар ҳеҷ дилгармие ба зиндагӣ надоштам.

Ба худ аҳд намудам, ки ҳаётамро ба бачаҳоям бахшида, дигар ёди мард намекунам. Ману фарзандонам дар хонае, ки падари бачаҳоям бо обилаи кафи даст сохта буд, истиқомат мекунем.

Саргарми ташвишҳои зиндагӣ нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр аз байн 9-сол гузашт. Акнун писарам, ки вақти вафот кардани падараш нав ба 4-солагӣ қадам ниҳода буд, қад кашида, 13-сола шуда буд, духтарам бошад 12-сола шуда, дар қаду қомат қариб бо худи ман баробар шуда буд. Дар тӯли ҳамин қадар сол ягон бор ёди оғӯши мард накарда будам, вале намедонам маро чӣ ҷин зад, ки баъди 9-сол ба васвасаи шайтон гирифтор шудам. Марди пири сарватманде маро бо ваъдаҳои осмонӣ ба домаш кашид. Худам нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр ба бистари ин марди ба мӯяш кайҳо сапедӣ дамидаи соҳиби зану фарзанду набера даромадам. Пирию хартозӣ гуфтагӣ барин, ошиқи пирам домони маро бо чормағзи пуч пур карда, аз худ Маҷнуни сонӣ метарошид, вале…

Пас аз чанд моҳи вохӯриҳои ошиқона худро нотоб эҳсос намуда, ба духтур рафтам. Баъди ташхис табибон маро табрик карда гуфтанд, ки ба наздикӣ модар мешавам. Хабари ҳомиладор шуданамро фаҳмида, қариб аз ҳуш рафта будам. Чанд рӯз зиқу зардоб гаштам, ки акнун чӣ кор мекунам, зеро касе аз хешу табор ва аҳли авлодамон намедонист, ки ман бо марди робита дорам. Ба хулосае омадам, ки пеш аз оне ки сиррам ошкор шавад, шавҳар карда, ин доғро рӯйпӯш менамоям. Дилпур будам, ки ошиқам албатта маро ба занӣ мегирад, вале вақте хабари ҳомиладор шуданамро расондам, мӯйсафед исён бардошта ба сарам дод зад: “Ту магар девона шудаӣ, охир ман зану фарзанд, келину домод ва чандин набера дорам, чӣ хел ба рӯйи ҳамаи онҳо по гузошта, зан мегирам?! Вақти домодию зангирии ман кайҳо гузашт.  Зудтар рафта сағераи ҳаромиатро нест кун! Ман дар охири умрам шарманда шудан намехоҳам…”

Бо шунидани ин суханон гӯшҳоям қулф заданд. Бо чашмони ашколуд аз сари миз бархоста ба хона омадам ва ба худ қарор додам, ки барқасди мӯйсафеди номард ягон йигити чор кас медидаро мегирам. Дар байни чанд рӯз домод ҳам пайдо шуд. Як марди 44-солаи зебо, вале бехонаро ёфта, ба домам афтонидам. Мо никоҳи мусалмонӣ карда зану шавҳар шудем. Гумон доштам, ки бо ҳамин ҷонам халос шуд, вале балои дигаре ба сарам омад. Бародарони шавҳари раҳматиам шавҳар кардани маро фаҳмида ранҷидаанд. Ду пояшонро дар як мӯза андохта, талаб карда истодаанд, ки хонаро холӣ кунам.  Шавҳари навам ҳанӯз намедонад, ки ман аз марди дигар ҳомиладор ҳастам. Худо накарда сирри ҳомиладориам фош шавад, бародарони шавҳарам маро зада-зада аз дар берун мекунанд, шавҳари навам шояд ба рӯям туф карда аз баҳри ман мегузаранд, бародарон ва падару модарам бошанд, пӯстамро зинда ба зинда аз танам мекананд. Намедонам сарамро ба кадом дар занам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Гавҳар, хонанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *