Баҳринисо — Тоҷикистон

Лаҳза

Лаҳзаҳои бо ту буданро шумурдам,

Умрам аз сар гўйё чун лаҳза бигзашт.

Лаҳзаҳои бо ту буданро сурудам,

Лаҳзаҳоям аз дилам чун ларза бигзашт.

Эй ки бо ту монданам дар лаҳзае ҷамъ,

Эй ки бо ту буданам аз лаҳзае кам,

Зиндагонӣ ту будиву лаҳзае буд,

Рафтиву бурдӣ зи ман он лаҳзаро ҳам.

Андар он як лаҳзаи аз лаҳза афзун,

Ман ҳазорон сол гўё зинда будам.

Лаҳзае ё зиндагиро хоб дидам,

Дар ҳақиқат лаҳзае ё зинда будам.

***

Рақси ман

Рақси ман – рақси зани аз дарду ғам обистан аст,

Мурдан асту зинда гаштан – рақси ман.

Зери оҳанге, ки дорад зиндагӣ,

Оқибат омўхтам ман зистан.

Гоҳ рақсам печутоб аст,

Гоҳ ларзиш, мавҷи об аст.

Гоҳ сар боло, гаҳе хам,

Мефизоям, мешавам кам.

Лаҳзаи рақсидани хеш,

Зери андўҳ мекашам дам.

Гарчи бар чашми ту мавзун меравам,

Аз куҷо донӣ, ки дилхун меравам.

Гарчи мепечам ба гирди хештан,

Ноаён аз хеш берун меравам.

***

Бачагӣ

Сурати бачагиам аз девор,

Аз саҳар то дили шаб механдад.

Шаби танҳоии ман дар хона,

Ба ман аз гўшаи лаб механдад.

 

Ў надонад, ки дигар,

Мисли ў ханда надорад лаби ман.

Ў аз он бехабар аст,

Ки шикаста ҳама тобу таби ман.

 

Ў аз он бехабар аст,

Ки гузаштаст маро умри шубоб.

Ў аз он бехабар аст,

Пояи умри маро шуста об.

 

Ў надонад, ки дигар,

Дилам аз хандаи ў меларзад.

Ў надонад, ки дигар,

Поям аз шебии роҳ мелағзад.

 

Сурати бачагиам аз девор,

Аз саҳар то дили шаб механдад.

Бехабар аз сари савдоии ман,

Ба ман аз гўшаи лаб механдад.

***

Аз пайи савдо нагаштам…

Дигар маро ба хонаат аз рўи дил махон,

Бегонаӣ ба дарди ман, эй ошнои ман.

Дар синаам касест, ки ҳар дам ба сўи ту,

Хандида гиря мекунад аз дидаҳои ман.

Дигар маёз ҷониби ман дасти хешро,

Дигар махон зи дидаам доғи гуноҳи ман.

 

Дар зери панҷаҳои ту набзам наметапад,

Ҳаргиз гумон макун, ки дилам ошёни туст.

Умре дилам ба зиндагӣ дарде кашидааст,

Бо дардҳо тапидану мурдан маро накўст.

 

Бигзор дар замини ғазалҳои талхи ман,

Ҳар сол дар баҳор бирўяд гиёҳи меҳр.

Абре, ки чашмҳои маро пур намудааст,

Боронӣ менамоядам ин дам ҳавои меҳр.

 

Дар дидаҳои чори ман акси дигар кас аст,

Дар ҳар нафас, ки мекашам оҳи дигар кас аст.

Дар ин ҷаҳон, ман аз паи савдо нагаштаам,

Савдои он муҳаббати деринаам бас аст.

بحرالنسا — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *