Музокироти Тоҷикистону Масква ҳал шуд

Музокироти «мушкили» Тоҷикистону Русия бар сари парвози ҳавопаймоҳо дар Маскав, ки тайи тақрибан як моҳи охир идома дошт, бо имзои як «протокол» ба поён расидааст. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт ва раҳбари ҳайати Тоҷикистон дар ин музокирот гуфтааст, «ҳамаи мушкил ҳал шуд». Музокироти Тоҷикистону Русия баъди танаффуси даҳрӯза 24 апрел аз сар гирифта шуд.

Номбурда  гуфтааст, «мо «проткол» ба имзо расондем ва мушкилро ҳаллу фасл кардем. Музокирот хеле мушкил буд ва дар инҷо масъалаҳо зиёд буданд». Аммо Ганҷалзода аз тафсилоти бештар, аз ҷумла дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русии «Ямал» аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд худдорӣ карда,  гуфтааст феълан наметавонад ҷузъиёти санади имзошударо ошкор кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *