Суғд: Боз шавҳаре ҳамсарашро кушт

Як марди чиҳилсолаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони қатли ҳамсараш боздошт шудааст. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел гуфтанд, ки ҳодиса ду рӯз қабл дар пайи муноқишаи хонаводагӣ иттифоқ афтодааст. “Муайян гардид, нафари гумонбар бо ҳамсари 35-солааш ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ ёздаҳ бор ба узвҳои бадани дувумӣ задааст”, — гуфтанд дар вазорат. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа зан аз захмҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” парванда боз шуда, тафтиши қазия идома дорад. Мақомот мегӯянд, ин ҳодисаи ягонаи қатли зан аз сӯи шавҳар нест. Охири соли гузашта Додгоҳи вилояти Суғд Бахтиёр Худойбердиев, сокини 47-солаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшанро барои қатли ҳамсари ҷавонаш ба 21 соли зиндон маҳкум карда буд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Худойбердиев ҳамсарашро бо 17 зарби корд ба қатл расондааст. Ҷомеашиносон мегӯянд, ки аксари ин кушторҳо дар заминаи рашк ва нобоварӣ миёни ҳамсарон рух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *