Муҷозоти волидайни духтарони ноболиғ дар Исфара (аудио)

Барои латукӯби як духтари ноболиғи 14-сола аз ҷониби ду духтари нобилиғи дигар  дар шаҳри Исфара, волидайни онҳо ҷазо мегиранд.

Ахиран навори лаҳзаи латукӯб дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сару садои зиёд гашт.  Ҳодиса 27 ноябри соли равон рух додааст, аммо навори он охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд.

Акбар Шариф, сухангӯи  Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба Pressa.tj хабар дод, бар зидди волидайни се духтари ноболиғ, ду нафаре, ки як ноболиғи 14-соларо латукӯб карданд ва нафаре, ки рафти ҳодисаро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кард, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Моддаи мазкур огоҳӣ ё таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳоро  пешбинӣ менамояд. Ҳоло як нишондиҳанда баробар ба 64 сомонӣ аст.  

Гуфта мешавад, ки сабаби латукӯб як писарбача будва, вай дӯсти умумии духтарон будааст. Ҳоло  духтарони ноболиғ дар қайди шуъбаи кор бо ноболиғони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд  гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 17-уми декабри соли равон  дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоии лаҳзаи ҷанҷоли се духтари зоҳиран ноболиғ дар Исфара нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ду духтар як духтари дигарро шаттазанон  ва аз мӯяш кашида, ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин ҳам меафтад, аммо  боз зери мушту шатта қарор мегирад. Ниҳоят,  ду духтар ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Ин духтар бо овози тарсхӯрда ва гирёну нолон аз он ду нафар илтимос мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд.

Корбарон зери ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафторро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостаанд, то ин духтаронро пайдо карда, муҷозот диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *