Нақибхон Туғрал, шоире ки аз дасти русҳо кушта шуд

Имрӯз яке охирин шоирони классикии адабиёти тоҷик Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ 155 сола шуд. Номбурда 29 июни соли 1919 аз дасти аскарони рус кушта мешавад.

Муҳаммаднақиб дар оилаи давлатманди Зосун ном деҳаи Фалғар 28 Марти соли 1865 таваллуд ёфтааст. Нақибхон Туғрал дар яке аз оилаҳои давлатманди деҳаи Зосуни Фалғар (хозира нохияи Айнӣ) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми кудакиву наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш гузаштааст. Нақибхон бо нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адабӣ бо кумаки падари маърифатпарвараш ҷодаи Самарқанду Бухороро пеш гирифта, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд маскан мегирад ва ба таҳсили улум шуғл меварзад. Дар рафти таҳсил Нақибхон бо як гурӯҳ устодони донишманд ошноӣ пайдо карда, ба халқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва бо дасту дили гарм шеъру шоириро пеша мекунад. Баъди хатми мадраса Нақибхон муддате дар Бухоро кор карда, аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи Бухоро маълумоти лозима гирифта, сипас ба зодгохаш бармегардад. Нақибхон ба Истам ном духтаре аз деҳаи Куруд хонадор мешавад ва дар натичаи нух соли ҳамзистӣ, соҳиби писаре мешаванд. Аммо бадбахтона, душманони Туғрал ин писарчаро нобуд сохта, модарашро безуриёт мегардонанд. Дар хусуси таваллуду вафоти писараш худи Туғрал чунин гуфтааст:

Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,

Лутф созад ба мани хаста Худованд агар,

Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,

Монд хасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Туғрали Аҳрорӣ нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ – форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эхсос мекардааст ва дар сарфу нахви лугати араби низ устоди комил будааст, ки андешаву маколу оёти арабии иктибоси ва эҷоди калами худаш гувохи онанд. Туғрали Аҳрорӣ дар шатранчбози махорати тамоме дошта, сохиби хатти зебову хонои настаълик хам будааст. Зиёда аз ин, у касби дехкониву хунари бинокори, урфу одати халку забони зинда, маишати мардуму рӯзгори шахру дехотро ба хуби медонистааст. Ва ин хама заковати илмиву фазолати инсони ва махорати адабии Туғралро хамзамононаш чиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири хамдаври у Чавдат далели чунин даъвост:

Яктои асри мо буд он шоири ягона,

Бишкуфта буд аз у хар сухбату мачолис.

Дар пеши дониши у донишварон мусаллам,

Равшан бувад ба фахмаш хар нуктаю аходис.

Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,

Коил шуда ба илмаш хар олиму мударрис.

Туғрали Аҳрорӣ марди хоксору факирпарваре буда, хирси молу пул дар ӯ мушоҳида намешудааст:

Чунон сомони доман кардаам кунчи каноатро,

Ки андар дил намебошад таманнои зару симам.

Рафокату хамсухбати дар мадрасаҳои Самарканду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбагал ва омаду рафти беохири мардуми факиру бечора ба хонаи Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун гувохи зиндаи хайрхохиву бечорапарвариву авомдустии шоир мебошанд. ҳамчунин, дар миёни мардуми камбагали Фалгару Панчакент, Истаравшану Мастчох ва Самарканду Бухоро ёру дустони зиёде дошта, хаммахфили як идда хунармандону зиёиён ва хамсухбати як даста суханварону хофизони пешкадами давр будааст. Аз чумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Ахмади Васли, Масеҳои Тамхид, Ахмади Равнак, Исхокбеки Ваххоч, Курби, Хасрати, Гулхани, Лутфи, Мухаммадкулии Тарчумон, Ашрафи Туччор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ хусни таваччуху эхтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.

Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон деҳаҳои Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз чанги душманони синфи озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва 28 июни соли 1919 дар поёни деҳаи Зосун дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад.

Айни замон мактаби миёнаи № 8 ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зосун вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат, Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосун сохта шудааст.

Соли 2015 Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ навсозӣ шудааст. Маҷмаа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст. Оромгоҳи шоир навсозӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, кошинҳо, гаҷкорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст. Муҷассамаи барқади шоирро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев офаридааст.

Ба махси лутф суи кулбаи ман мехиромиди, Ба роҳат пардаҳои дида пойандоз мекардам.

Ғазалҳо

Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!

Эй фалак дод аз ҷафоят дар чи холам кардаи?!

Рост будам чун алиф монанди долам кардаи!

Охир эй гардун, зади санги маломат бар сарам,

Зери пои бешуурон поймолам кардаи!

Аз чи ру, эй чарх, чун ман эътиборат дур бод,

Куръаи беэътибориҳо ба фолам кардаи?!

Аз ту, эй ноҳид, гуфторам навои тоза дошт

В-аз ҳасад, эй чарх, чун Яъкуб лолам кардаи!

Оқибат кори ту гар ин буд, эй гардуни дун,

Аз чи дар рӯзи азал қисмат камолам кардаи?!

Буд дар ойинаи ман акси сад маъни дучор,

Занги ғам бар рӯи миръоти хаёлам кардаи!

Рӯзгоре буд, ки медодам ба чизе ман навол,

Хуни ҳасрат, эй фалак, охир наволам кардаи!

Хамдамонам нокасони гулу аз дониш тихи,

Сӯҳбати донишварон амри мухолам кардаи!

Дар ҳавои мушикофи Туғралам пар мезанад,

То ту эй гардун, маро дур аз висолам кардаи!

***

Ҳар кас, ки рухи ту дид, ҷоно,

Ошиқ ба ту гашт он замоно.

Мурғи дили сад ҳазор ошиқ

Дар қайди ту шуд зи баҳри доно.

Тири нигаҳат гузашт аз ҷон,

Абруи каҷи ту чун камоно.

Хун шуд дили мо, чаро нагӯйӣ

Ҳарфе зи вафо аз он даҳоно?!

Аз чини ҷабини туст маълум,

Ранҷидӣ зи ошиқон ҳамоно.

Тасдиқ макун, тасаввуре кун

Он нуктаи мо зи душманоно.

Гашта ба ҷаҳон фасона Туғрал

Бо тири маломат ӯ нишоно.

***

Арзи ҳоҷат мекунад дил хусрави нози туро,

Нест конуни муҳаббат пардаи сози туро!

Чун кабӯтар бисмили шавқи тапидан мешавад,

Аз қазо ҳар кас ки бинад чашми шаҳбози туро.

Рамзи чашмат ин бувад, набвад намудан баъд аз ин

Маҳрами асрори худ он чашми ғаммози туро!

Дар фани эҳё зи шарми аҷз наншинад дигар,

Гар Масеҳо бишнавад оини эъҷози туро!

Афканад қумрӣ ба гардан тавқи доғи бандагӣ,

Дар чаман бошад агар он сарви мумтози туро!

Беадаб, тарсам, ки бинад, бигзарад аз чобукӣ,

Тавсани умрам, агар, хинги сабукбори туро!

Дурри маънӣ кардаӣ, Туғрал, ниҳон ҳамчун садаф,

Фош созад мавҷи ин дарё магар рози туро?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *