Нақлиёти ҷамъиятӣ барои кӯдакон ройгон шуд

Парлумон ва Президенти кишвар тағйироту илова ба Кодекси нақлиёти автомобилии ҷумҳуриро, ки аз ҷумла интиқоли кӯдаконро танзим мекунад, тасвиб карданд.

Мусофирон дар Тоҷикистон ҳақ доранд кӯдаки то 7-соларо бидуни харидани чиптаи иловагӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳои шаҳр, наздишаҳрӣ, шаҳрак ва деҳот ройгон интиқол диҳанд.

Тағйирот ба Кодекси нақлиёти Тоҷикистон дар ҳарду палатаи порлумони кишвар ба тасвиб расид.

Инчунин, бо назардошти тағйирот, як мусофир метавонад дар нақлиёти ҷамъиятӣ ду кӯдаки синнашон аз 7 то 10-соларо дар роҳҳои шаҳрӣ, наздишахрӣ, шаҳрак ва деҳот бо пардохти на бештар аз 50%-и арзиши роҳкиро бо пешниҳоди ҷойи алоҳида интиқол диҳад.

Қаблан танҳо кӯдакони то 5-сола метавонистанд дар нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон савор шаванд. Дар робита ба талаби пардохти роҳкиро барои кӯдакон дар нақлиёти ҷамъиятӣ гоҳе ҷанҷол ба миён меомад ва ё шикояте мерасид, ки ронандагон ба сабаби напардохтани роҳкиро кӯдаконро  намегузоранд, ки баъд аз дарс ба нақлиёт савор шуда ба хонаҳояшон бираванд.

Дар Тоҷикистон ҳангоми сафар тавассути ҳавопаймо барои кӯдакони аз 2 то 12-сола 50 дарсад тахфиф пешбинӣ гардидааст. Барои кӯдакони то 2-сола бошад, парвоз тавассути ҳавопаймо ройгон мебошад. Ҳамчунин  барои кӯдакони аз 5 то 10-сола ҳангоми сафар бо қатора 45 дарсад тахфиф пешбинӣ шудааст.

Мушкили дигари  нақлиётҳои ҷамъиятӣ, ки то ҳанӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст  нархи роҳкиро мебошад. Бо сабаби боло рафтани қимати маводи сӯхт он бе тағйир мондааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, дар нишасти матбуотии нимсола сабаби бетағйир мондани қимати нақлиёти ҷамъиятиро дар ҳоле, ки қимати маводи сӯхт коҳиш ёфтааст, шарҳ дода буд. Ба гуфтаи вай, фоидаи кормандони нақлиёти мусофирбар ҳамагӣ 10-15 фоизро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *