Нақлиёти мусофирбарии Душанбе пурра ба низоми ғайринақдӣ мегузаранд

Дар пойтахти Тоҷикистон тамоми нақлиёти мусофирбарӣ дар ду марҳилаи ояндаи наздик пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузаранд, ки он шаффоф арзёбӣ мешавад.

Пеш аз ҳама, тағйирот ба ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксиҳо низ дахл хоҳад кард. “Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зимни як ҷаласа бо кормандони соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт иброз намуд”,- хабар медиҳад МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон».

Илова бар ин, ӯ зикр кард, ки дар оянда 80-85%-и тамоми пардохтҳо дар шаҳр аз тариқи низоми электронӣ сурат мегирад.

Ӯ гуфт, амалишавии қарори шаҳрдори Душанбе дар бораи гузаштан ба низоми пардохти электронии роҳкиро дар ду марҳила, марҳилаи якум дар автобусу троллейбусҳо, ки он алакай амалӣ гардида, мавриди иҷро қарор дорад ва марҳилаи дуюм дар дигар воситаҳои нақлиёти мусофирбар, аз қабили воситаҳои нақлиёти микроавтобус ва кироякаш амалӣ карда мешавад.

Таъкид мешавад, ки амалишавии низоми мазкур — ин пеш аз ҳама ба шаффофият ва беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт замина мегузорад.

Ҳамчунин ҶСП «Душанбе сити бонк» ба иштирокдорони ҷаласа Пос-терминал (таҷҳизоти тавассути корт пардохткунандаи маблағ) рӯнамоӣ кардааст, ки гуфта мешавад, он дар нақлиёт насб карда шуда, на танҳо корти нақлиётӣ, балки ҳама гуна кортҳои бонкии Тоҷикистонро қабул менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *