Ноҳияи Айнӣ: “Камаз” ба ҷарӣ рафту ронандааш ҳалок шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сарозер шудани мошини боркашонӣ ба ҷарӣ ва ҳалокати ронандаи он хабар дод.

— 26-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 17:45 дақиқа ронандаи автомашинаи боркашони тамғаи «Камаз» Ӯрунбадалов Ибодулло Усмонович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди мавзеи «Хушекат»-и ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии тахминан 700-800 метр чаппа шудааст,- иттилоъ дод манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳодиса ронанда Ӯрунбадалов И. У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *