Саидалӣ Сиддиқ зодрӯз дорад. Директори АМИТ “Ховар” 64-сола шуд

Яке аз рӯзноманигорони хушсалиқаи тоҷик, директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ ба синни 64-солагӣ расид.

Бино ба маълумоти сомонаи Кумитаи ТВ ва радио, Саидалӣ Сиддиқ 28-уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) таввалуд шудааст. Соли 1981 шуъбаи журналистии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 1982 курси солонаи такмили ихтисоси факултети журналистии собиқ Мактаби олии комсомолии назди КМ ВЛКСМ (ҳоло Донишгоҳи гуманитарии Маскав)-ро ба итмом расонидааст.

Дар вазифаҳои муҳаррири идораи барномаҳои адабию драммавии Радиои Тоҷикистон, мухбир, мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мушовир-тарҷумони КМ ВЛКСМ дар Афғонистон, ёвари вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтаномаҳои «Восточный экспресс», «Вечерний Душанбе» ва «События» ифои вазифа намудааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми августи соли 2007 мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон №345 аз 18-уми декабри соли 2007 ба ӯ рутбаи тахассусии «Мушовири давлатии дараҷаи 1» дода шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2012 муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Ҳоло роҳбарии АМИТ «Ховар»-ро ба зимма дорад.

Муаллифи беш аз 900 очерк, мақола, гузориш, мусоҳиба, эссе ва ҳикояҳо буда, муаллафоташ дар матбуоти ватанию хориҷӣ ва маҷмӯаҳои коллективона чоп шудааст.

Сиддиқ С. ғолиби озмуни байналмилалии журналистон «Русский мир — 2005» аст, ки бо ибтикори «Российская газета» ва Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистони ИДМ доир мегардад. Ҳамчунин, ӯ дар озмуни Маркази САҲА ва институти «Ҷомеаи кушод» барои беҳтарин маводи рӯзноманигорӣ дар бахши «Мавқеи шаҳрвандӣ» ва озмуни анъанавии рӯзномаи «Курер Таджикистана» «Журналисти беҳтарини сол — 2006» ғолиб омадааст. Ӯ номзад ба унвони «Одами сол — 2004»-и Донишкадаи биографии ИМА, Вакили Анҷумани дуюми роҳбарони ҷавони кишварҳои ИДМ ва Балтика (Сочи, 2006), узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистони ИДМ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ аст.

Соли 2002 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ҳамкасби худро ба муносибати зодрӯзашон табрик гуфта, барояшон тани сиҳату сарбаландӣ ва равнақи эҷодӣ таманно доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *