Бемории сил. Оё он табобатшаванда аст?

Барои бисёре аз кишварҳои олам новобаста аз сатҳи иқтисодию иҷтимоии онҳо, аз ҷумла барои Тоҷикистон, бемории сил яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Бемории сил ба қатори 10 омилҳои марговари аҳолии дунё дохил мешавад.

Мувофиқи нишондоди омории Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), ҳамасола дар дунё 9 — 10 миллион нафар ба бемории сил гирифтор мегарданд, ки 500 ҳазори онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Зиёда аз 1,5 — 2 миллион нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.

Бемории сил аз калимаи лотинии “tuberculum” — “лӯндача” ва ё “арзана” гирифта шуда, бемории сироятӣ мебошад ва барангезандаи он микробактерияи сил, микроби чӯбчашакли Кох аст. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо дар 80-85 фоизи ҳолатҳо дар шуш хурӯҷ мекунад. Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд. Бемории сил аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво ҷудо карда мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои БС ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори БС шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ 10%-ро ташкил медиҳад. Аммо ба ин беморӣ бештар шахсоне гирифтор мешаванд, ки сатҳи зиндагиашон паст аст ва ё дар муҳите зиндагӣ мекунанд, ки барои сар задани ин беморӣ шароитҳо фароҳам ҳастанд (ба мисли шахсони дар зиндон буда, майзадагон, одамони бехонаву ҷой ва нашъамандон).

Ёдовар мешавем, ки бемории сил ирсӣ (авлодӣ) нест.

Нишонаҳои бемории сил

Нишонаҳои умумии бемории фаъоли сили шуш — ин сулфа зиёда аз 2 ҳафта (бо балғам ва баъзан бо хун), дард дар қафаси сина, баландшавии ҳарорати бадан, бемадорӣ, камшавии вазни бадан, пастшавии иштиҳо, табларза ва арақзеркунии шабона мебошад. Дар як қисми аҳолӣ ҳангоми шакли фаъоли БС нишонаҳо метавонанд дар тӯли якчанд моҳ муътадил бошанд, ки ин ҳолат боиси ба таъхир гузоштани муроҷиат ҷиҳати ёрии тиббӣ ва интиқоли бактерияҳо ба шахсони дигар мегардад. Дар давоми як сол инсони гирифтори БС метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Дар сурати дар худ ва ё дар наздикон пайдо шудани чунин нишонаҳо ба табиби оилавии худ муроҷиат намуда, барои ташхиси микроскопӣ балғамро 3 маротиба супоридан лозим аст.

Чӣ бояд кард, то ба бемории сил гирифтор нашавӣ?

Бемории сил, ки иҷтимоист, пешгирӣ ва муолиҷаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар ин самт ҳам муассисаҳои давлатӣ ва ҳам ҷамъиятиву хориҷӣ чораҳои мухталиф меандешанд. Барои онҳое, ки ба ин беморӣ гирифторанд, муолиҷа ва дорувориҳо ройгон аст. Ин иқдом боиси хушҳолист, ки рӯз аз рӯз одамон дар бораи бемории сил маълумоти бештар дастрас менамоянд ва сатҳи огоҳиашон дар хусуси ин беморӣ меафзояд. Аслан, чунон ки ҳамеша таъкид мешавад, пешгирии беморӣ аз муолиҷаи он осонтар аст.

Ҳангоми паст шудани қобилияти муҳофизати бадан микробактерияҳои сил фаъол гашта, бемории силро ба вуҷуд меоранд. Сабабҳои паст шудани муқобилияти организм нисбат ба бемориҳо чунинанд: шароити ногувори зист, меҳнати вазнин, хӯроки камғизо, майхорагӣ, нашъамандӣ, гирифторони бемориҳои музмини роҳҳои нафас, диабети қанд, гузаронидани ҷарроҳӣ, хусусан дар меъдаю рӯдаҳо, ғаму андуҳ ва махсусан, сирояти ВНМО. Бояд гуфт, ки ВНМО қобилияти муҳофизатии баданро суст карда, сабабгори авҷи бошиддати сил мегардад. Шахсони ба ВНМО сироятёфта ба гуруҳи зери хавфи баланди гирифторшавӣ ба сил дохил мешаванд. Бемории сил дар чунин шахсон метавонад ба таври ғайриодӣ, ҳатто бе пайдошавии нишонаҳои беморӣ гузарад. Аз ин рӯ, барои дарёфти саривақтии онҳо дар як сол ду маротиба аз муоинаи рентгенӣ (флюрографӣ)-и қафаси сина гузаштан ҳатмист.

Барои баланд бардоштани қобилияти муҳофизати бадан инсон бояд тарзи ҳаёти солимро риоя намояд, ба варзиш машғул шавад ва хӯроки солимро истифода барад. Беморони гирифтори бемориҳои музмин дар 1 сол 1 маротиба аз муоинаи флюрография бояд гузаранд. Аз нӯшокиҳои спиртӣ, сигоркашӣ ва нашъамандӣ қатъиян даст кашанд.

Натарсед, сил табобатшаванда аст!

Бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор табобати дурусту саривақтиро қабул кунад, табобат бетанаффус бошад (на камтар аз 6-8 моҳро ташкил диҳад). Ҳангоми шакли фаъоли БС қобили ҳассосият нисбати доруворӣ, реҷаи табобати стандартии шашмоҳа бо чор намуди дорувории зиддимикробӣ (стратегияи DOTS) гузаронида мешавад, бо вуҷуди таъмин намудани бемор бо ахборот, пешбурди назорат ва дастгирӣ аз ҷониби корманди тандурустӣ, ё худ дастёри ихтиёрие, ки аз тайёрии махсус гузаштааст. Пас аз ду моҳи табобат дар беморхона бояд табобаташро боз на кам аз чор моҳ дар муассисаи тиббии минтақавии худ, зери назорати коркуни соҳаи тиб давом диҳад. Чунин чораҳо ба бемор шифои комил мебахшанд ва ӯро аз такрори беморӣ дар оянда эмин медоранд. Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.

Баъзеҳо аз шароити рӯзгори худ андешида (яъне барои муолиҷа маблағи кофӣ надоранд), ба табибон муроҷиат наменамоянд. Вале онҳо бояд донанд, ки мувофиқи Барномаи миллии мубориза зидди бемории сил табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил — ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии онҳо мебошад.

Бахтовар САФАРОВ, узви гуруҳи коршиносони ҲБСТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *