Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Душанбе 100 % иҷро шуд
Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 63 % иҷро шудааст. Гусели сарбозон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар моҳи гузашта 100 фоиз иҷро гардидааст.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, ҳамчунин ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш додаанд. Иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз ба наздики 70 фоиз баробар мебошад.
Дар вилояти Хатлон бошад, ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Дар ин вилоят дар умум наздик ба 60 фоизи нақша иҷро шудааст.
Вале дар вилояти Суғд нақшаи даъвати баҳорӣ то имрӯз ҳамагӣ 45 фоиз иҷро гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ