Аз ташрифи Ҷанни Инфантино то мулоқот бо Президенти Тоҷикистон

Ҷанни Инфантино — президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ба Тоҷикистон омад.

Меҳмонро дар доираи ин сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин дидор дурнамои ҳамкорӣ бо созмонҳо, нақши футбол дар ҷомеаи Тоҷикистон ва афзоиши маҳбубияти ин навъи варзиш баррасӣ гардидааст.

Боз дар нақша гирифта шудааст, ки раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Ҷанни Инфантино мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки раҳбари ФИФА ҳамчунин дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *