Нақшофари “Ирония судби…” вафот кард

Ҳунарманди халқии РСФСР Андрей Мягков дар синни 82-солагӣ даргузашт. Бино ба иттилои шабакаи Telegram Mash, актёр бар асари сактаи шадиди қалб фавтидааст. Ӯро дар хона занаш беҳуш пайдо кардааст ва Мягков то омадани табибон фавтидааст. Мягков 8 июли соли 1938 дар Ленинград таваллуд шудааст. Дар солҳои 1960, ӯ дар Мактаби театри бадеии Маскав таҳсил кардааст. Пас аз хатм, ӯ дар театри “Современник” кор кардааст. Актёрро тамошобинони тоҷик асосан аз руи филмҳои “Тамвасхури тақдир ё…” (“Ирония судби…”) ва “Ишқи хизматӣ( “Служебний роман”) мешиносанд.Ҳамчунин Мякгов дар чандин филмҳои дигар низ нақш офаридааст. Барои саҳмгузорӣ дар санъати кино ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии РСФСР-ро гирифта буд . Соли 2019, бо ордени Нишони фахрӣ дараҷаи III сарфароз карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *