Наҷиба-арӯси 11-сола…

Дар ду моҳи ахир хабарнигорон шоҳиди издивоҷи даҳҳо духтари хурдсол дар вилояти Ғури Афғонистон шудаанд. Сокинон фақру гуруснагиро омили аслии издивоҷи духтарони хурдсол медонанд.

Хабарнигорон бо як тан аз хонаводаҳое, ки духтари хурдсолашро ба шавҳар додааст, суҳбат карданд. Нозанин, як сокини вилояти Ғури Афғонистон духтари 11- солаашро маҷбуран ба шавҳар дод.

Наҷиба, арӯси 11-сола ҳоло бозиҳои кӯдаконаашро канор гузоштааст ва талош мекунад, мисли як зани рӯзгордор рафтор кунад.

Хонаводаи Наҷиба ба ӯ иҷоза надоданд, ки бо мо сӯҳбат кунад, вале Нозанин, модари ӯ мегӯяд, духтарашро аз камбизоатӣ ба шавҳар додааст, ҳарчанд медонист, ки ӯ кӯдак аст.

«Духтарамро аз гуруснагӣ ба шавҳар додам. Се моҳ мешавад, ки нисфи пулашро додаанд, вале ними дигарашро ҳанӯз надодаанд. Мушкилоти молӣ зиёд буд, духтарамро ба шавҳарам додам.»,—гуфт ӯ.

Ин зан гуфт, ҳатто либосу кафш надошт, ки ба духтараш пушонад.

Муҳаммад Амин, хусури Наҷиба, духтаре, ки қурбонии издивоҷи бармаҳал шудааст, мегӯяд, хонаводаи ин кӯдак камбағал буданд ва ӯ Наҷибаро бар ивази 300 ҳазор афғонӣ, ҳудуди 3 ҳазор доллари амрикоӣ ба писараш Билол хостгорӣ кард.

Билол, писари ин мард ва шавҳари Наҷибаи 11-сола 30-сол аст ва ҳоло барои кор ба Эрон муҳоҷир шудааст.

«Мо гов ва тамоми чорвоамонро фурӯхта, ин духтарро ба хона овардем. Онҳо фақир буданд ва чизе надоштанд. Коре кардем, ки ба онҳо кӯмак шавад ва хонавода роҳи зиндагиашро ёбад”,—гуфт хусури арӯси 11-сола.

Рӯҳониён дар вилояти Ғур мегӯянд, издивоҷи ноболиғон боиси хушунати хонаводагӣ байни зану шавҳар мешавад.

Мавлавӣ Назир Аҳмад, рӯҳонӣ дар вилояти Ғур мегӯяд, дар бисёр ҳолат вақте арӯсони хурдсол бузург мешаванд, шавҳарони худро қабул намекунанд ва ё баръакс, писарон низ аз арӯсони хурдсоли худ, ки ба оддитарин қоидаҳои зиндагӣ ошно нестанд, дилмонда мешаванд.

Ҳоло дар Афғонистон даҳҳо намунае вуҷуд дорад, ки ҳатто духтарони аз 10-сола поёнро низ ба шавҳар медиҳанд.

Дар фармони наве, ки раҳбари Толибон ҳафтаи гузашта содир кард, омадааст, духтароне, ки ба синни балоғат нарасидаанд, набояд ба шавҳар дода шаванд. Аммо сокинон мегӯянд, чунин фармонҳои Толибон ба хотири хокпошӣ ба чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат мегирад ва дар амал ҳеч чизеро дар дохили Афғонистон тағйир намедиҳад.”Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *