Толеъномаи 13-уми декабри соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бепарвоӣ зоҳир накунед. Бо вуҷуди он, ки комёбиро ба даст оварданатон осон бошад, бо тамоми қувва кор кунед. Бегоҳирӯзӣ чизе сади роҳи истироҳати шумо намегардад. Барои мағозагардӣ, фитнес ё сайругашт дар боғ рӯзи мусоид аст. Дар ин рӯз интихоб намудани мошин созгор нест, беҳтараш фикри мошинхариро аз сар дур созед.

Савр (21 апрел-22 май)

Рӯзи тағйирёбанда аст. Шуморо лозим меояд, ки ба вазъият мутобиқ шуда тавонед. Эҳтимоли сар задани муноқиша бо шахси дӯстдошта бо ҳамсафари ҳаётӣ, фарзандон ё волидон вуҷуд дорад. Агар ба гузашт кардан омода бошед, сазовори муҳаббату эҳтиром мегардед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Ақидаву пешниҳодҳои ҷолиби ба саратон омадаро дар амал татбиқ карда наметавонед. Ба шумо ҳамкору ёрдамчиёне лозиманд, ки дар амалӣ сохтани ин ақидаҳо кӯмак расонанд. Имконияти мусоидро аз даст надиҳед, аз дӯстони худ кумак пурсида, ба маслиҳатҳояшон гӯш диҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Нафарони оиладор нақшаи ба ҷои дигар кӯчидан ё иваз намудани хонаи худро мекашанд. Бо волидони куҳансолатон мушкилиҳо сар мезананд, эҳтимоли нотоб шуданашон вуҷуд дорад. Бо вуҷуди пеш омадани душвориҳо бояд сабур бошед, зеро мушкилиҳои сарзадаро танҳо худатон рафъ сохта метавонед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Аксари зодагони мучали асад ба муваффақияти бузурги касбӣ умед баста метавонанд, эҳтимоли гирифтани мукофотпулӣ ё ба вазифаи хуб ноил шудан вуҷуд дорад. Нафароне, ки дар рухсатии меҳнатӣ қарор доранд, беҳтар аст, ки бо тозаву тамиз кардани хонаву дар машғул шаванд. Нафарони муҷаррадро лозим аст, ки андаке хушмуомила бошанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Зодагони мучали сунбула дар ин рӯз каме инҷиқ мешаванд. Ба орзуву умеде, ки муддати мадид дастнорас буд, ноил мегардед. Дар касбу кор зиндадил буданатон лозим аст. Ҷидду ҷаҳди шумо аз чашми роҳбарият дур намемонад. Вазъи молиявиатон чандон бад нест, вале хариди калон накунед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Фикри ҳамин рӯзи худро кунед ва саломатиро назорат намоед. Аз нафарони бадқаҳр ва руҳафтода дурӣ ҷӯед. Агар нафаре аз пайвандони калонсолатон дар ҳоли душвор қарор дошта бошад, ҳатман ба ӯ кӯмаки молиявӣ расонед. Ба нафарони муҷаррад ба суханони шахси зебои ношинос бовар карданро тавсия намедиҳем.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Зодагони мучали ақраб дар фикри ҳарчи зудтар сарватманд шудан, дили нафареро ба даст овардан, аз вазни зиёдатӣ халос шудан, курсии роҳбариятро соҳиб шудан пайдо мешавад. Қабл аз амал кардан хатарҳои эҳтимолиро дида бароед. Нафароне, ки ба наздикӣ бемориеро аз сар гузаронидаанд, бори дигар аз назорати табиби терапевт гузаштанро тавсия медиҳем.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар рафтору кирдори баъзе аз зодагони мучали қавс дудилагӣ ва тарс эҳсос мегардад. Сабаби ба эҳсосот дода шуданатон чорабиниҳои зиёди дар пешистода аст. Сабаби сар задани асабониятро муайян намуда, роҳҳои бо он мубориза бурданро пайдо намоед. Дӯсти беҳтарини худро хабар гирифта, дарди дил кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз хоҳиши ба ҳама дасти кӯмак дароз кардану ба насли наврас дарси одоб омӯхтан мехоҳед. Имрӯз барои оғози идеяҳои эҷодӣ ва тиҷоратӣ созгор нест. Нафароне, ки бо масъалаҳои бо кор таъминкунӣ машғуланд, бояд ба шахсияти корфармо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд, эҳтимоли ба доми фиребгарон афтиданатон вуҷуд дорад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Зодагони мучали далв дар ин рӯз уҳдадориҳои аввалиндараҷаи худро бояд осонтар намоянд. Дар ин сурат нерӯи зиёдатон сарф нашуда, хастагӣ эҳсос намекунед. Қувваву асабҳоятонро эҳтиёт кунед. Муноқишаи оилавӣ ё нофаҳмие, ки бо ҳамкоратон сар мезанад, ҳамчунин мушкилоти рӯзгор нерӯи зиёдро талаб менамоянд.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Баъзе зодагони мучали ҳут аз як қисми мушкилиҳои ҷамъшуда халосӣ меёбанд. Аз робита бо нафароне, ки бахилу найрангбозанд, дурӣ ҷӯед. Бахтатон баландӣ мекунаду мушкилот молиявиро рафъ месозед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи ҷои нави корӣ ҳастанд, барор интизор аст. Муноқишаро ба ҳамсафари ҳаётӣ рафъ месозед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *