Наҷоти Афғонистон. Атову Дӯстум, Масъуду Қонунӣ ва Сайёф чӣ мехоҳанд?
Шуморе аз раҳбарони сиёсии ҳукумати пешин ва чеҳраҳои зиддитолибонии Афғонистон дар Анқараи Туркия аз ташкили «Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон» хабар доданд. Ин Шӯро дар нахустин нишасти худ аз Толибон хостааст, ки барои ояндаи Афғонистон бар сари мизи музокирот биншинанд.
Гуфта шудааст, ки ҳеч фарде дар ин Шӯро ба унвони раҳбар интихоб нахоҳад шуд. Яке аз аъзои раҳбари даврӣ интихоб мешавад ва ҳеч касе ҳақ надорад, ки ду давр пайи ҳам раҳбари Шӯро интихоб шавад.
BBC бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад, ки ин нишаст 17-уми май баргузор шудааст ва дар он рӯйи як «бадил (алтернатива)-и сохторманд»-и сиёсӣ барои Толибон тавофуқ шудааст.
Дар ин Шӯро мувофиқа шуд, ки аз Толибон барои музокира ва гуфтугӯ даъват шавад, вале агар даъвати онҳо пазируфта нашавад ва натиҷае надод, онҳо гузинаи низомиро пеш хоҳанд бурд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мухолифони Толибон дар Анқара гуфтаанд, ки бояд ҳайате аз сиёсатмадорони ин Шӯро бо Толибон ва кишварҳои дахил дар мавриди ояндаи Афғонистон ва давлати ҷадид гуфтугӯ кунанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст чеҳраҳои саршиноси зиддитолибоние чун Атомуҳаммади Нур, волии пешини Балх ва раҳбари яке аз ҷиноҳҳои Ҷамъияти исломии Афғонистон, Абдураб Расули Сайёф, раҳбари Ҳизби иттиҳоди исломӣ, Абдулрашид Дӯстум, роҳбари Ҳизби ҷунбиши миллӣ ва яке аз пешвоёни ӯзбекҳои Афғонистон, Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон ва яке аз раҳбарони қавми ҳазора, Алмос Зоҳид, вакили пешини парлумон ва ғайра ширкат доштаанд.
Бино ба иттилои «Афғонистон Интернешнл», Салоҳуддин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷии пешини Афғонистон ва яке аз раҳбарони Ҷамъияти исломӣ ва Муҳаммад Исмоилхон, вазири пештараи обу энержии ин кишвар ва аз чеҳраҳои пурнуфузи Ҷамъияти исломӣ дар ғарби Афғонистон ба ин нишаст намояндагони худро фиристодаанд.
Аҳмад Масъуд — роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ин нишаст ширкат надошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ