Магар мо ватандор нестем?! 

Хонандагони азиз! Шумо таваҷҷуҳ кардаед, ки ҷавонони мо чӣ сарулибос мепӯшанд? Махсусан дар фасли гармо, вақте ки онҳо либоси сабук, аз қабили футболкаву бейсболка ва либоси варзишӣ доранд.

Аксаран ин либосҳо бо матн ва аксҳои хориҷӣ, ба мисли «USA», «США», «Россия», «Италия» ва ғайра оро ёфтаанд. Ҳоло дар бораи матнҳои даъваткунандаи эротикӣ ҳарф намезанам. Асос ин аст, ки ҷавонону наврасон ба пӯшидани чунин либосҳо майл доранд ва ин таваҷҷуҳашонро ҷалб мекунад.

Пас чаро ба онҳо чунин либосҳоро бо матнҳои тоҷикии тарғиби ватандӯстӣ пешниҳод накунем? Масалан, футболкаҳо бо матни «Тоҷикистон», акси ливои Тоҷикистон, харитаи ҷумҳурӣ, аксҳои ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои дилфиреби кишвар серхаридор хоҳанд буд.

Амалӣ кардани ин иқдом чандон гарону заҳматталаб нест. Танҳо роҳбарони корхонаҳои трикотажбарории кишварро мебояд, ки дар тарғиби ҳисси ватандӯстдории ҷавонон саҳми худро гузоранд. Агар онҳо аз уҳдаи ин кор набароянд, пас соҳибкорон метавонанд чунин либосро дар Чину Туркия ва ҳатто Ӯзбекистон фармоиш диҳанд.

То кай «маҳсулоти ватанӣ» мегӯему як чизи оддии серталабро ба харидорон пешниҳод намекунем!? Бовар дорам, ки аксар ин икдомро дастгирӣ мекунанд. Худи ман ҳам чунин футболкаро бо майли зиёд мепӯшидам. Зеро Тоҷикистон ватани мо аст.

Ҷовид МУҚИМ, журналист

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.