150 кушта дар набарди хунин бо «Давлати исломӣ» дар Афғонистон
Набарди хунин бо «Давлати Исломӣ» дар вилояти Нангаҳори Афғонистон 150 кушта бар ҷой гузошт.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, дар шарқи Нангаҳор дар даргириҳо миёни неруҳои давлатӣ ва афроди вобаста ба гуруҳи «Давлати исломӣ» 150 нафар кушта шудаанд. Салим Қундузӣ, волии Нангаҳор ин хабарро тасдиқ карда мегӯяд, набарди хунин ба гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» шабаи гузашта рух дод. Ӯ мегӯяд» Ҳудуди 131 нафар афроди гуруҳи «Давлати исломӣ» кушта шуданд. 36 тан дар ҷанги рӯ дар рӯ ва боқимонда дар ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуданд.
Волӣ мегӯяд, як қисм постгоҳҳо дар ин вилоят ба тасарруфи «Давлати исломӣ» даромадаанд, ки ба зудӣ аз даст онҳо озод хоҳанд шуд.
Волии Нангаҳор хабари ин ки гӯё «Давлати исломӣ» як қисм занҳоро гаровгон гирифта бо худ бурда бошандро рад кард ва гуфт ин як таблиғони ҷангии душман мебошад.
Мақомоти амнияти Афғонистон аз нуфузи густурдари «Давлати исломӣ» дар ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ