Таъминоти оби 100 дарсада пас аз ифтитоҳи хати обгузари Боғдевдара-Хоруғ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26, июн расман ба хати обгузари Боғевдара-Хоруғ ҳусни оғоз бахшид.


Дар ин хусус Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки хати асосии сохтумони мазкурро Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 гузошта буд: « Дар ин давра хати обгузар аз Боғевдара то шаҳри Хоруғ ба масоҳати 13 километру 250 метр сохта шуда, мушкилоти сокинони шаҳри Хоруғ дар самти таъминот бо оби ошомиданӣ ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуд».

Хати обгузари мазкур иқтидори зиёди обгузаронӣ дорад ва ба иттилои Дафтари матбуоти презизенд бо эҳтиёҷоти мардумро таъмин мекунад: «Иқтидори якрӯзаи интиқоли оби ошомидании хати мазкур 15 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад, ҳол он ки талаботи сокинони шаҳри Хоруғ ба оби ошомиданӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ 7,5 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Яъне хати мазкур бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр бунёд шуда, даҳсолаҳои дигар метавонад ба сокинони маркази вилоят хизмат расонад».

Сохтумони хати обгузари номбурда аз тарафи ҷамъияти сохтумонии «Бунёд» ва «Помир» анҷом дода шудааст. Дар сухтамони ин хати обгузар 18 миллиону 737 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ шудааст. Гуфта мешавад, 60 дарсади ин маблағ аз ҳисоби Бонки Авропоии таҷдид ва рушд ва 40 дарсади он аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шудааст.

Биноба итттилои масъулин дар гузашта ҳамагӣ 50 дарсад аҳолии шаҳри Хоруғ бо чашмаҳои худҷорӣ бо оби ошомидани таъмин будану халос. Бо фаъол шудани хати обгузар ин мушкилим ардум осон шуд. Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки дар соли 2016 ба маблағи 64 миллион сомонӣ корҳои таъмитур насби қубурҳои нави обгузар дар дохили шаҳр ба анҷом расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад ва дар маросими ҷаҳни ваҳдати миллӣ як қатор иншоот ва биноҳои наву замонавиро ифтитоҳ кард.

Имрӯз дар шаҳри Хорӯғ барномаи театрикунонидашуда бо ширкати расиҷумҳур баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *