Надежда ва ду фарзандаш соҳиби хона шуданд
Надежда Марникова ва ду фарзандаш чанд сол боз ҷои истиқомат надоштаанд. Сардии ҳаво аҳволи зиндагиашонро бад кард. Аз ин лиҳоз онҳо ба раиси шаҳри Исфара Баҳовиддин Баҳодурзода муроҷиат карданд.
Шаҳрдори Исфара дар муддати кӯтоҳ мушкили Надежда Марникова ва фарзандонашро ҳал карда, ба онҳо аз шаҳраки Шӯроб хонаи истиқоматӣ бо ҳамаи ашёи лозимаи рӯзгорро тақдим намуд.
Зимни супоридани калиди хонаи истиқоматӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода изҳор дошт, ки ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва саҳмгирӣ дар беҳдошти рӯзгори онҳо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара буда, минбаъд низ дастгирии ниёзмандон ва нафарони эҳтиёҷманд идома хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ