загс

Шаҳритус: Бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфт

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст. Масъулин камшавии ҷудошавиро дар бештар кардани суҳбату мулоқот миёни сокинон медонанд.

Садбарг Саидзода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли равон 57 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шудааст.

Ӯ афзуд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҷудошавии оилаҳо ба 101 ҳолат расида буд. «Ба хотири сари вақт шаҳодатнома гирифтан ва пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо миёни сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пайваста вохӯрӣ мегузаронем. Бо ҳамин роҳ ҷудошавии оилаҳо хеле коҳиш ёфтааст»,- гуфт номбурда.

Ҳамчунин, Садбарг Саидзода гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2023-ум бақайдгигии давлатии ақди никоҳ наздики 900 ҳолатро ташкил мекунад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *