Нафақаи падарам кофӣ нест! “Бузи баҳсӣ”-ро қурбонӣ мекунем

Мегӯянд, ки дар арафаи идҳову рӯзи ид бо одамон ҷанг кардану қаҳрӣ шудан кори хуб нест. Вале ман бо Холиқназар Ҷумъазода ҷанг шудам. Дар арафаи иди саиди Қурбон хеле баҳсу ҷанҷоли лафзӣ кардем.

Воқеан, акои Холиқназар худро экстрасенс мегиранд ва гоҳ-гоҳе ба хобҳои бесару нӯги ман таъбир мекушоянд. Аммо дафъаи гузашта бандаи гандаро сахт хафаву оташин карданд. Хобҳои навбатиро, ки дар матлабе бо номи “Нархи шакар коми харидорро талх кард” ифшо намуда будам, бетаъбир гузоштанд. Он вақт аввал як ҷумлаашон ба ёдам расид, ки “агар дастмузд зиёдтар шавад, илҳоми ҷинҳо ҳам шояд бештар ояд”. Вале боз фикр карда — фикр кардаву ба хулоса омадам, ки ако, чун коми худашон ширин нашудааст, бо хирагӣ ҳама каму костро ба ҷинҳояшон бор карданиянд. Дарк кардам, ки ҳама аламашон аз ҳамон бузи ваъдакардагии ман аст. Бе шубҳа, баҳси бархоста миёни ману акои Холиқназар ҳам аз қазияи бузи модаамон оғоз шуд…

Ҳарчанд ба он кас фаҳмонам, ки о, бобо, бузи гуфтаатон он вақт дуҷон буд, баъди чанд рӯз бузғолаи мода овард, намефаҳманд. Ду поро дар як туфлӣ зер кардаву истодагарӣ менамоянд:

— Чанд сол шуд. Бузатон чандин бача овард. Ман кор надорам, ҳамин ид яктояшро нӯши ҷон мекунем!

— Охир, ҳамааш модаанд. Ҳамин охиринаш нар аст, ки ҳоло чормоҳа аст. Худатон медонед, ки қурбонӣ кардани бузи ба яксолагӣ нарасида ҷоиз нест!,- мегӯям ман.

Ба ғазаб меоянд, лабу лунҷашон мепарад ва бо оҳанги таҳдид меғурунганд:

— Баҳона бас аст! Агар ки ҳамааш модаанд, бо нафақапулии мӯйсафед якто нарашро мегирӣ! Ҳоло ӯ чандмоҳа нафақаашро ҷамъ кардагист. Агар хабар дошта бошӣ, дар панҷ моҳи соли равон ба беш аз 758,4 ҳазор нафар нафақагир беш аз 1 миллиард сомонӣ пардохт шудааст. Ин гапи ман не, маълумоти расмии Агентии омор аст.

Рости гап, аз хӯрдагирии ҷаноби Ҷумъазода асабӣ мешавам. Бо кароҳат мегӯям:

— Эҳа, ҳамон 207 сомонӣ нафақаи ҳадди ақали падари маро таги чашм кардед!? Бо ин миқдор маблағ як одами аёлманд чӣ кор карда метавонад? Бо ин нарху наво, ки дар бозорҳову мағозаҳо ҳукмфармост, сарашро ба кадом дару девор мезанад? Як бор ба бонк раведу нафақагирии нафақагиронро мушоҳида кунед! Қисми зиёд маблағро мегиранд, аммо аз бинои бонк берун намебароранд, худи ҳамон лаҳза пули барқ месупоранд ё пардохти дигар… Дар ин ҳол, ҳам мо, ҳам шумо ва ҳам роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақа бояд шарм доштаву камтарак сурх шавем, ки ақаллан натавонистаем «Қоидаҳои ташкили кор оид ба таъйин, индексатсия, бозҳисобӣ ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ»-ро амалӣ намоем…

— Ин айби ман не. Агар наметавонанд дар дохил нафақаи хуб гиранд, пас ба Русия раванд! Худат медонӣ, ки чанд рӯз пеш Думаи давлатии Русия созишнома дар бораи тақсими нафақа миёни Тоҷикистону Русияро тасвиб кард. Ҳамакнун баъди имзои ин санад аз ҷониби президент Владимир Путин, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, нафақа дода мешавад,- роҳи алтернативӣ нишон доданд ҷаноби Ҷумъазода.

Аммо, бояд гуфт, ки аҷаб роҳи булаҷабест ин роҳ! Бо дарки ҳамин паҳлуи масъала, худро идора карда натавониставу гуфтам:

— Хестед, ки хобед, ако! Ман ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавам, ки падарам ба Русия раваду дуоҳои бади модар ба сарам резанд. Зеро, худатон медонед, ки Русия ба муҳоҷирон бо шартҳои зиёд нафақа медиҳад. Гарчанде гуфта мешавад, ки талабот собиқаи корӣ доштан ва андози иҷтимоӣ супоридан аст, инҳо аз зангирии муҳоҷирон ва дар қайд будану ба таври расмӣ кор кардани онҳо сарчашма мегиранд. Аммо, худатон ҳам як замон муҳоҷир будед ва хуб медонед, ки дар сурати ғайрирасмӣ кор кардан, муҳоҷир нафақаро шояд дар хоб ҳам набинад. Ва нағзакак медонед, ки барои ҳалли мушкилот, қисми зиёди муҳоҷирон зани рус мегиранд. Амале, ки боиси ранҷиш ва алами модарони тоҷик мегардад. Мисли ҳамон шеъри ҷиддии “Отаат боз як зани дигар гирифт”-и шоири шӯхтабъ Раҷаб Саидӣ.

— Чӣ хел шеър, кадом шоир, чихелӣ зан?,- суолҳоро пайи ҳам карданд ҷаноби Ҷумъазода.

Аз забони шоир Раҷаб Саидӣ ва аз номи модари ғамолуда посухашон додам:

Хез аз хоб, бачаи бехосият,

Бачаи беризқу рӯзӣ, бадният.

Хез аз хоб, бачаи сарсахти ман,

Хез аз хоб, бачаи бадбахти ман.

Отаат боз як зани дигар гирифт.

Отаат боз як зани дигар гирифт,

Ҷигари ман пора шуду даргирифт.

Аз куҷо дигар бароят ҳар саҳар,

Ман биёбам ширу қаймоқу шакар,

Кулчаи ширмолу нони гарму ош?

Зиндагимон, бачаҷон, шуд резу чош…

Отаат боз як зани дигар гирифт.

Отаат боз як зани дигар гирифт,

Ҷигари ман пора шуду даргирифт.

Аз куҷо ёбам бароят ман либос,

Шиму костюм, туфлиҳои ялақос?

Пули мактаб аз куҷо пайдо кунам?

Бачаи ҷонам, халос гаштем, халос…

Отаат боз як зани дигар гирифт.

Отаат боз як зани дигар гирифт,

Ҷигари ман пора шуду даргирифт.

Мешавӣ акнун ту марди хонадон,

Дар дувоздаҳсолагиат, бачаҷон.

Мактабу таҳсили худро як сӯ мон,

Рав ба бозор, то биёбӣ обу нон.

Отаат боз як зани дигар гирифт

Отаат боз як зани дигар гирифт,

Ҷигари ман пора шуду даргирифт.

Ҷумъазода шояд ба афкори замони муҳоҷираташон ғӯтта заданд ва шояд зани рус ҳам доштанд, ки мисли мум мулоим шуда, ба шӯхӣ гузаштанд:

— Ба фикрам, гӯшҳои мӯйсафеди падарат суп-сурх шудагист! Ҳамин ҳоло мебинӣ, ки сар мешавад: алло, алло, алло…

— Алло, алло…

— Лаббай…

— Соат 10 шуд, ҳоло ҳам хобӣ?

— Акнун хестам.

Баъди пурсупоси кӯтоҳ падарам хабар дод, ки чормоҳа нафақаашро дар ҳаҷми 828 сомонӣ гирифтаву барои хариди идона ба бозор рафтааст. Тавре ӯ гуфт, пули нафақа танҳо ба харидани як халта орд ва тухм барои идгардаки кӯдакон расидаасту ният доранд бузи калониамонро қурбонӣ кунанд.

Рости гап, аз ин хабар хурсанд шудам. Ана акнун ҷаноби Ҷумъазода метавонанд рӯзи ид ба хонаи мо қурбонихӯрӣ оянд ва бо ҳамин гапу калочаи “бузи баҳсӣ” ҳам гум шавад. Шояд баъди хӯрдани гӯшти “бузи баҳсӣ” ишками экстрасенс сер шаваду ҷинҳояшон ба илҳом оянд ва аз пайи таъбири хобҳои ман гарданд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *