Душанбе — Чаноқ: Пули азим баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт

Имрӯз пули азими воқеъ дар километри 267-уми роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ баъди азнавсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ба ин муносибат дар макони зикршуда чорабинии бошукуҳ баргузор гардид, ки дар он директори филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Сафаров, раиси Шӯрои нозирон Рамазон Мирзоев, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода, директори генералии ширкати “Чайна Роуд” Ли Чан Вей ва собиқадори меҳнат, иштирокчии Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғолибҷон Фозилов суханронӣ карда, нақши пули мазкурро баҳри таъмини ҳаракати муназзами бехатари воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо иқдоми мазкур роҳбарият ва кормандони “IRS” собит намуданд, ки  барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо азми қавӣ доранд.

Дар доираи чорабинии мазкур сохтмончиён бо Сипосномаву туҳфаҳои арзандаи филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен қадрдонӣ шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки азнавсозии кӯпруки азим дар километри 267-уми роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ босуръат сурат гирифта, васлу насби поя ва пайвандҳои он дар майдончаи сохтмонии назди иншоот қолабрезӣ шуданд.

Пули мавриди назар, ки 73 метр дарозӣ дорад, соли 1962 сохта шудааст, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нуҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.

12-уми сентябри соли гузашта корҳо дар ин иншоот шуруъ шуда, дар марҳилаи аввал, тибқи тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти кӯпруки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ гардид. Бо дарназардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву азнавсозии пул ба зиммаи ширкати муътабари “Чайна Роуд” вогузор шуда, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардид.

Ба сохтмони мазкур 45 мутахассиси ширкати “Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаву механизми пуриқтидор сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди азнавсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр (бо дарназардошти пайроҳаи пиёдагард) расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *