Ба собиқ сарвазири Ҷопон ҳамла кардаву тир кушодаанд (видео)

РИА “Новости” бо истинод ба маълумоти оҷонсии “Киодо” хабар дод, ки ба собиқ сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ҳамла сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои “Киодо”, ҳамла ба собиқ сарвазир ҳангоми баромадаш дар шаҳри Нара сурат гирифта, дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ карда шудаву нишонаҳои ҳаёт дар ӯ мушоҳида намешаванд.

Тибқи ахбори расонаҳои ҷопонӣ дар такя ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва манбаъҳо аз Ҳизби ҳокими либерал-демократӣ, ба Абэ аз пушташ тир холӣ кардаанд. Вай аз қисмати қафаси сина захм бардошта, табибон маҳси дилашро анҷом додаанд.

Баъзе расонаҳои дигар иттилоъ медиҳанд, ки хунрезӣ дар қисмати гардани Абэ ба мушоҳида расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *