Тоҷикистон: Нафақаи ятимонро зиёд карданд

Ба иҷрои дастури президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани пардохтҳои ҳармоҳа ба табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири шаҳрвандон шуруъ карданд.

Пардохти моҳона барои кӯдакони ятим афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода хабар дод. Вай зикр намуд, ки бо назардошти фармони ахири Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми миёнаи пардохтҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони ятим дар ҷумҳурӣ то 233,9 сомонӣ расонида шуд.

Барои онҳое, ки бе падару модар мондаанд, маблағи пардохт 151,75 сомониро ташкил медиҳад.

Давлатзода ҳамчунин гуфт, ки дар кишвар дар маҷмуъ 1653 кӯдаки ятим ва 79453 ноболиғи бе яке аз волидонашон ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2021 афзоиши маош ва нафақаро эълон карда буд. Бар поияи он асосан пардохтҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандони буҷетӣ 20-25 фоиз зиёд карда мешавад.

Қарор дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнати сокинони кишвар дар оғози соли 2022 ба имзо расида буд. Мақсади асосии индексатсияи пардохтҳо баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *