Нахустғалабаи футзалчиёни Тоҷикистон бар мунтахаби Ӯзбекистон

Мунтахаби  миллии Тоҷикистон оид ба футзал дар вохӯрии дуюми рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон ғалабаи нахустинро дар таърихи боздидҳои ин дастаҳо бо ҳисоби 5:3 ба даст овард.

Тавре сомонаи ФФТ хабар додааст, футзалчиёни тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев 6 август дар варзишгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон бозии дуюми рафиқонаро бо соҳибони майдон аввал бо ҳисобҳои 0:1, 1:2 ва 1:3 бохта истода, баъд иродаи сахт зоҳир намуданд ва бозиро ба фоиди худ 5:3 ба анҷом расонданд.Файзалӣ Сардоров ду тӯбро ба ҳадаф расонда, дубл кард. Шавкат Ҳалимов, Некрӯз Алиаҳмадов ва Темур Исмоилов муаллифони се голи дигар гаштанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар бозии аввалини рафиқона, ки 5 август доир шуд, мунтахаби Ӯзбекистон тоҷикистониҳоро 5:4 мағлуб карда буданд.

Вохӯриҳои рафиқонаи мунтахабҳои Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон як навъ марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии  чемпионати Осиё-2018 оид ба футзал маҳсуб меёбад, ки моҳи октябр дар шаҳри Табрези Эрон баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин марҳила дар ҳайати гурӯҳи  «В» бо мунтахабҳои Эрон ва Афғонистон бахти варзишӣ месанҷад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *