Толибон 50 нафарро куштанд

Мақомҳои маҳаллӣ дар Афғонистон мегӯянд, дар ҳамла дар вилояти Сарипул, ки гурӯҳи Толибон ва як фармондеҳи «байъаткарда» бо ДИИШ анҷом доданд, ҳадди ақал 50 нафар кушта шуданд. Сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки дар ин ҳамла ғайринизомиён кушта нашуда ва ҳеҷ гуна ҳамкорӣ миёни онҳо ва ДИИШ сурат нагирифтааст.

Мақомҳои афғон рӯзи 6-уми авгуфт эълом карданд, ки дар ҳамлаи ҷангҷӯён дар минтақаи Мирзо Оланг дар вилояти Сарипул то панҷоҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд ва занону кӯдакон низ дар миёни қурбониён ҳастанд.

Бино ба гузоришҳо, ҷангиён рӯзи шанбеи 5-уми август пас аз ду рӯзи даргириҳои шадид бо нерӯҳои амниятии афғон, контроли ин минтақаи муҳимро ба даст гирифтанд. Мирзо Оланг минтақаи дурафтодае аст, ки ҳам ҷангиёни Толибон ва ҳам афроди гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар талош барои ба даст гирифтани он буданд.

 Муҳаммад Зоҳир, раиси вилояти Сарипул гуфтааст, ки ба ҷуз қурбониёни низомӣ, «байни сӣ то чиҳил нафар» аз ғайринизомиён кушта шудаанд, ки «дар байни онҳо ҷасадҳои пиронсолон ва занон дида мешаванд. Ҳатто гуфта шудаааст, ки ҷасадаҳои кӯдакон мавҷуд аст.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *