Имрӯз ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 7 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ҷойҳо ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон  гармии ҳаво шабона ба 7-12 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 22-27 ва рӯзона 35-40 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд шабона 18-23 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 35-40 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 19-20 ва рӯзона 37-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *