Нахустин вазири дифои Тоҷикистон даргузашт

Генерал-лейтенант Мӯмин Мамаҷонов, фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар синни 67 дар Маскав вафот кардааст. Мӯмин Мамаҷонов солҳои 1991-1992 раиси Кумитаи дифои Тоҷикистон ва аввалин вазири дифои ин кишвар буд.

Генерал-лейтенант Мӯмин (Мӯминҷон) Мамаҷонов ҳанӯз рӯзи 24 феврал дар Маскав аз олам чашм пӯшида ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст. Дар ин бора ҳамхидматони ӯ аз полки 101-уми савораи тирандози артиши Русия хабар додаанд. Мӯмин Мамаҷонов солҳои 1983-1985 фармондеҳии ситоди ин полкро дар Афғонистон бар ӯҳда дошт.

Ҳамхидматҳои генерал Мамаҷонов навиштаанд: «24 феврали соли 2017 баъди бемории сангину тӯлонӣ рафиқи ҷанг- ва ҳамполки мо, фармондеҳи ситоди полки савораи тирандоз (солҳои 83-85) генерал-лейтенант Мамаҷонов М.М. аз олам рафт. Ҳамхидматон аз марги ӯ дар андӯҳ афтода, ба хешону наздиконаш изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Ҷояш ҷаннат ва хотирааш абадӣ бошад.”

Раҳмон Набиев соли 1991 вақте ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон расид, Мӯмин Мамаҷоновро раиси Кумитаи дифоъ таъйин кард. Ӯ ба ин далел нахустин вазири дифои Тоҷикистон дониста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *