Мирзиёев ба Тоҷикистон кумак мекунад

Бо дастури раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Тошканд барои мардуме, ки дар Тоҷикистон бар асари тармафароиҳои ахир осеб диданд, 60 тонна ёрии башарӣ мефиристад.

Вазорати хориҷаи Узбекистон рӯзи 6 март дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки ҳукумати ин кишвар бо амри раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев ҷиҳати фиристодани 60 тонна кумакҳои башарӣ ба мардуме, ки дар Тоҷикистон аз тармафароиҳои ахири пурқурбонӣ осеб диданд, қарор баровардааст.

Бино ба ин манбаъ, «ҳаҷми умумии кумаки башарие, ки ба мардуми кишвари ҳамсоя дода мешавад, қариб 60 тоннаро ташкил медиҳад. Ин кумак аз маҳсулоти ғизоӣ, доруворӣ, маводи сохтмон, ангишт, либоси гарм ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввал иборат аст.”

Масъулияти ҷамъоварӣ, интиқол ва ба ҷониби Тоҷикистон супурдани ин кумаки башарӣ ба ӯҳдаи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон гузошта шудааст.

Вазорати хориҷаи Узбекистон дар шарҳи ин иқдом менависад, «қарори Узбекистон дар мавриди расондани кумаки башарӣ ба Тоҷикистон боз як намунаи равобити байни кишварҳо ва халқҳои мост, ки бар пояи дӯстии суннатӣ ва дастгирии ҳамдигар бино ёфтааст.”

Тасмими Тошканд барои ироаи 60 тонна ёрии башарӣ ба мардуми аз тарма зарардида дар Тоҷикистон дар пасманзари пас аз солиёни танишҳои мудавом як андоза рӯ ба гармшавӣ овардани муносибатҳои Тошканду Душанбест. Баъди даргузашти Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқ ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, Тошканд ба ҳамсояҳояш паём дод, ки беҳбуди муносибатҳо бо кишварҳои минтақаро дар сиёсати хориҷиаш дар авлавият мегузорад.

Тошканду Душанбе аз ҷумла моҳи ноябр тавофуқ карданд, ки баъди қариб чоряк аср парвози ҳавопаймоҳо байни ин ду пойтахтро аз сар бигиранд. Моҳи феврал ширкати «Сомон Эйр” нахустин парвози озмоиширо дар хаттсайри Душанбе – Тошканд – Душанбе анҷом дод, вале барои оғози парвозҳои мунтазам дар ин хаттсайр то ҳол иҷозати ҷониби Узбекистонро ба даст наовардааст.

Дар поёни моҳи феврал Русия низ барои кумак ба мардуме, ки дар Тоҷикистон бар асари тармафароиҳои як моҳи охир осеб диданд, 40 тонна кумаки башарӣ фиристод. Ҳафтаи гузашта авиатсияи Русия 2 тонна аз чунин кумакҳоро ба мардуми минтақаи Сағирдашт расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *